Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адолатҷӯе аз табори "фариштагон". ВИДЕО


Адолатҷӯе аз табори "фариштагон"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:31 0:00

Адолатҷӯе аз табори "фариштагон"

Имрӯз, 6-уми август, зодрӯзи Имомназари Холназар, рӯзноманигори саршинос, ҳаҷвнависи шинохтаи тоҷик ва аввалин сардабири ҳафтаномаи «Адолат» мебошад.

Имомназари Холназар 21-уми марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузаштааст.

Агар умр вафо мекард, имрӯз вай 70-сола мешуд. Ӯ аз соли 2000-ум аз бемории қанд ранҷ мебурд. Вале бо вуҷуди ин кори эҷодиашро канор нагузошт ва то лаҳзаҳои вопасини умр бо қаламу коғаз ҳамроҳ буд. Китобҳои ӯ бо номҳои "Ҳар киву ҳар чи", "Ман ҳамин хел одам", "Боре набувад гаронтар аз ор", «Аз хандая мемурӣ» ва «Аҷаб замонаҳое...» нашр шудаанд.

Имомназари Холназар соли 1975 баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар рӯзномаи он замон машҳур - "Комсомоли Тоҷикистон" (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) оғоз кардааст. Баъдан то соли 1990 ӯ дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло “Ҷумҳурият”) чун хабарнигор, мудири шӯъба ва котиби масъул кор кард ва баҳори соли 1990 бинобар мухолифаташ бо бархӯрди ҳукумати вақти кишвар ба ҳаводиси баҳманмоҳ аз мақом барканор шуд.

Аммо ӯ боз ҳам канор нарафт ва ба дунболи ин ҳафтаномаи «Адолат» - нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистонро таъсис дод ва худ аввалин сардабири он шуд. Ин ҳафтанома то шурӯъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз маъруфтарин нашрияҳои вақт маҳсуб меёфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG