Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбинии обхезӣ ва обшавии пиряхҳо дар рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон


Акси кӯҳҳои Қирғизистон аз бойгонӣ
Акси кӯҳҳои Қирғизистон аз бойгонӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз эҳтимоли обхезӣ дар рӯзҳои 4 то 8-уми август дар пайи обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳии кишвар ҳушдор медиҳанд. Ин ниҳод аз сокинон хостааст дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт то 40 дараҷа, қисмати шимолии кишвар 37 то 39 ва дар ВМКБ 36 дараҷа гарм мешавад. Гармои шадид тобистони имсол боиси омадани сели харобиовар дар чанд минтақа шуд.

Пешбиниҳо ин аст, ки моҳи август дар Тоҷикистон ҳаво нисбатан салқинтар мешавад. Ба иттилои ҳавосанҷон, ба фарқ аз ду моҳи гузашта, ки дар кишвар ҳарорати ҳаво хеле гарм буд, моҳи равон ҳаво аз 17 то 31 дараҷа гарм хоҳад буд. Ҳамчунин дар миёнаҳои моҳи август боришот пешбинӣ шудааст. Ба иттилои маркази обу ҳавосанҷӣ, чунин боду ҳаво дар охирин моҳи тобистон 6 соли пеш мушоҳида шуда буд.

XS
SM
MD
LG