Дар робита ба куштори Чингиз Ҷумъагулов, яке аз ҷинояткорони бонуфузи Қирғизистон дар боздоштгоҳи муваққатии Додситонии кулли он кишвар парванда боз шудааст.
Сухангӯи Додситонии кулли Қирғизистон Сироҷиддин Камолидиннов гуфт, парванда бар асоси банди "Куштор бо бераҳмии махсус" боз гаштааст. "Тафтишот оғоз шудааст ва баъди ба поён расидани он ба амали масъулони боздоштгоҳ баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад", - афзудааст ӯ.
Чингиз Ҷумъагулов, ки ахиран дар шаҳри Бишкек дастгир шуда буд, 30 июл дар боздоштгоҳ кушта шуд. Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон гуфт, Ҷумъагуловро як ҳамутоқаш куштааст.
Кумитаи амнияти иллии Қирғизистон рӯзи 15-уми июл гуфта буд, Чингиз Ҷумъагулов, ки бо лақаби “Чингизи бузург” маъруф аст ба “таъсиси гуруҳи ҷиноӣ ва ғорати пайвастаи пули зиёд аз соҳибкорон” муттаҳам мешавад.
Ҳафтаи гузашта гузориш шуд, ки Ҷумъагулов дар як тирандозӣ дар ҳошияи шаҳри Бишкек ҳузур доштааст. Ҷинояткори бонуфузи 41-сола, бо гуруҳи дигари бузургтари ҷиноӣ таҳти раҳбарии Қамчӣ Колбаев иртибот доштааст.
Колбаевро моҳи марти соли 2020 бо иттиҳоми ташкили созмони муташаккили ҷиноӣ дастгир карданд, вале моҳи октябри соли 2020 ғайриинтизор раҳо шуд. Сафорати Амрико дар Бишкек бо изҳори нигаронӣ аз ин кор гуфт, ки Қамчӣ Колбаев як ҷинояткори байналмилалӣ аст, ки ба қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа ва қочоқи инсону дигар ҷиноятҳои хатарнок машғул мебошад.
Вазорати умури хориҷии Амрико соли 2014 барои маълумот дар бораи механизмҳои муомилотии Колбаев ва роҳҳои барҳам задани онҳо 1 миллион доллар подош таъйин кардааст.