Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни офати табиӣ дар Эрон ба 56 кас расидааст


Мақомоти Эрон рӯзи 30-юми июл гуфтанд, ки теъдоди қурбониёни тӯфону лағзиши замин ва сел дар рӯзҳои охир дар ин кишвар ба 56 кас расидаааст.

Расонаҳо ба нақл аз сухангӯйи Идораи Ҳилоли Аҳмар гузориш доданд, ки даҳҳо нафар дар шаҳри Теҳрон ва чаҳор вилояти Эрон ҳанӯз беномунишон ҳастанд.

Ба гузориши расонаи давлатии Эрон, низомиён низ ба интиқоли ҳазорон нафар аз минтақаҳои дурдасту офатзада ба маконҳои амн мадад мекунанд.

Пешбинӣ шудааст, ки дар рӯзҳои оянда дар Эрон борони бештаре хоҳад борид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG