Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алиша Чинай “ишқ”-ашро аз Тоҷикистон ёфтааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Алиша Чинай, яке аз овозхонҳои машҳури ҳиндӣ, коргардон ва “ишқ”-ашро аз Тоҷикистон ёфтааст.

Достони ҷолиби ҳамкорӣ ва ошноии овозхони маъруф бо марди тоҷикро India Love Project ва нашрияи The Indian Express ошкор карданд.

Алиша Чинай, хонандаи таронаи маъруфи “Зубӣ-зубӣ” аст ва ӯро маликаи попи Ҳинд ҳам меноманд.

Ба навиштаи India Love Project, коргардон ва марди дӯстдоштаи ӯ – Фурқат Аъзамов, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз мухлисони ашадяш аст.

Ӯ аксар сурудҳои Алишаро аз ёд дониста, ҳамеша орзуи дидору шиносоиро бо овозхон мекардааст.

Алиша ва Фурқат тобистони соли 2020, замоне бо ҳам ошно шуданд, ки коронавирус мардумро дар аксар кишварҳо гӯшанишин карда буд. Онҳо тавассути интернет мулоқот ва шеъру оҳанг эҷод кардаанд.

Сипас коргардони мусиқӣ, Фурқат Аъзамов, бо парвози чартерӣ ба дидори Алиша рафтааст.

Таронаи ‘Chamkega India’, ки клипи он дар Самарқанд сабт шудааст, натиҷаи ҳамкории ҳунарманди маъруфи ҳиндӣ бо коргардони тоҷик аст.

Ба навиштаи The Indian Express, Алиша Чинай дар Ҳиндустон ва Фурқат Аъзамов дар Душанбе кору зиндагӣ мекунанд, аммо робита ва ҳамкориро идома медиҳанду “умед доранд, ин пайванд абадӣ аст”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG