Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мехоҳад, Херсонро аз нерӯҳои Русия бигирад


Херсон, 20-уми июли 2022
Херсон, 20-уми июли 2022

Нерӯҳои Украина талош доранд, вилояти ҷанубии Херсонро аз нерӯҳои таҷовузгари Русия бозпас гиранд.

Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Кировогради Украина Ондрей Райкович мегӯяд, 28-уми июл дар натиҷаи оташборони ин устони марказӣ 5 нафар кушта ва камаш бист каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Гуфта мешавад, шаҳри Кропивнитский, воқеъ дар 300-километрии ҷануби Киев, бо оташи нерӯҳои Русия дучор шуд.

Мушакҳои Русия ба вилоятҳои Киев, Чернигив, Миколаев ва Харкив низ расидаанд.

Дар ҷануби Украина ҳафтаҳои охир нерӯҳои ин кишвар як идда минтақаҳоро ишғол намуда, ба марзи шимолии вилояти Херсон наздик шудаанд. Ҳадаф аз ин амалиёт поксозии Херсон аз нерӯҳои Русия будааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG