Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи мусобиқоти Олимпиадаи Париж-2024 пешниҳод шуд


Кумитаи тадорукоти Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар Париж, пойтахти Фаронса, баргузор мешавад, барномаи мусобиқотро муаррифӣ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Париж-2024, сана ва замони оғози чорабиниҳо, аз ҷумла мусобиқаҳо барои медалҳои тило нашр шуд.

Барандагони аввалин медалҳои тило рӯзи 27-уми июл муайян мешаванд. Варзишгарон дар риштаҳои ҷудо, шамшербозӣ, велосипедронӣ, скейтбординг ("стрит"), шиноварӣ, ҷаҳиш ба об, регби ва тирандозӣ барои медалҳои тилло мубориза мебаранд.

30-юми июл варзишгарон барои медалҳои тило оид ба серфинг талош хоҳанд кард. Мусобиқа дар соҳили Таити баргузор мешавад ва соати 19:00 ба вақти Париж (22:00 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дар рӯзи охирини Олимпиада – 11-уми август – варзишгарон барои медалҳо оид ба гуштӣ (гуштии озод, гуштии юнонию румӣ ва гуштии занона), варзиши сабук (марафон), вазнабардорӣ, баскетбол, тӯббозӣ дар об, велосипедронӣ дар трек, панҷҳарба ва тӯби дастӣ (ҳандбол) мубориза хоҳанд бурд.

Фурӯши расмии чиптаҳо моҳи декабри соли 2022 шуруъ мешавад. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, тақрибан 10 миллион чипта фурӯхта хоҳад шуд.

Зиёда аз як миллиони чиптаҳо бо нархи 24 евро, тақрибан панҷоҳ дар сад - 50 евро ва сеяки дигар - 100 евро фурӯхта мешавад. 15 фоизи боқимонда бо нархи баландтар пешниҳод мегардад. Нархи чиптаи аз ҳама гаронбаҳо тақрибан 950 евро хоҳад буд.

Соли 2024 Париж дувумин шаҳре мешавад, ки пас аз Лондон се маротиба Бозиҳои тобистонаи олимпиро баргузор мекунад. Париж бори аввал соли 1900 - баъди чаҳор соли аз сар гирифтани Олимпиада, мизбони Бозиҳои олимпӣ гардид. Соли 1924 Париж боз мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шуд.

Баъди 100 сол, 26-уми июли соли 2024, Париж бори сеюм ҷаҳонро аз Бозиҳои олимпӣ ботантана истиқбол мекунад. Барои Фаронса ин шашумин Олимпиада хоҳад буд. Илова ба се Бозиҳои тобистонаи олимпии дар боло зикршуда, Фаронса се маротиба Бозиҳои зимистонаро баргузор кардааст: Шамонӣ-1924, Гренобл-1968 ва Албервил-1992.

XS
SM
MD
LG