Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши "Амонатбонк" ба матлаби РО: 200 млн сомонӣ "камбуди молӣ" не, "қарзи ба таъхирафтода" аст.


Бонки давлатии "Амонатбонк" ба як матлаби Радиои Озодӣ аз 23 июл таҳти унвони "200 миллион камбуди молӣ дар Амонатбонк аз куҷост?", вокуниш кард. "Амонатбонк" 200 миллион сомониеро, ки Палатаи ҳисоб дар пай санҷиш аз ҳисоби қарзҳои пардохтнакардаи муштариёни ин бонк ошкор кардааст, "камбуди молӣ" намеҳисобад. Ин дар ҳолест, ки намояндагони Палатаи ҳисоб мегӯянд, ҳангоми баргузории аудит дар ин бонк, "камбудӣ молиявӣ"-ро ошкор кардаанд.

"Амонатбонк", рӯзи 26-уми июл бо ирсоли номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "манзур аз 200 миллион сомонӣ камбуди молӣ набуда, балки қарзҳои аз рӯи муҳлат батаъхирафтодаи мизоҷони бонк мебошанд".

Масъулони Палатаи ҳисоб рӯзи 28-уми июл, вақте ки Радиои Озодӣ вокуниши "Амонатбонк"-ро бо онҳо дар миён гузошт, гуфтанд, бар асоси стандартҳои байналмилалӣ, маблағҳои ошкорнамударо ҳамчун қоидавайронкунии молиявӣ дар "Амонатбонк" ҳам арзёбӣ мекунанд, вале "камбуди молӣ" унвон намудан ҳам хато нест ва онҳо дар таҷрибаи корияшон чунин мафҳумро низ истифода кардаанд.

Раиси "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ дар вокуниши худ таъкид намудааст, ки ин маблағ аз сӯи Палатаи ҳисоб соли 2019 муайян шуд ва то имрӯз беш аз 104 миллион сомонии он аз ҷониби қарздорон ба бонк баргардонида шудааст.

"Қисмати боқимондаи ин қарзҳо бо амволҳои мувофиқ таъмин буда, тибқи тартиб баъди ба фуруш рафтани онҳо ба пуррагӣ пардохт мегардад. Ҳама қарзҳои "Амонатбонк" бо гарави мувофиқ таъмин мебошанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки пешниҳоди қарз амалиёти дорои хавфи баланд буда, дар ҳама бонкҳо, ҳатто дар бонкҳои бузурги ҷаҳонӣ низ дар ин самт мушкилӣ эҷод менамояд",-гуфтааст, раиси "Амонатбонк".

Сироҷиддин Икромӣ дар номаи худ аз он нигаронӣ кардааст, ки гузориши Радиои Озодиро бархе расонаҳои дигар бо таҳриф намудани муҳтаво бознашр кардаанд. Вале аз ҳеҷ расонае ном нагирифтааст.

Дар Палатаи ҳисоб иддао доранд, ки камбудҳои молиро дар бонки давлатӣ ҳангоми санҷиш ошкор карданд. Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк", рӯзи 22-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, санадҳоро дар бораи “қарзҳои мушкилситон” худашон ба Палатаи ҳисоб пешниҳод карданд.

Раиси “Амонатбонк” рӯзи 22 июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, " мегӯянд, носанҷида қарз додед. Мо мегӯем, ҳар як буҳрони молиявию иқтисодӣ аввал ба бонкҳо таъсир мерасонад. Вақте мизоҷи бонк ба мушкил дучор шуд, пулро барнамегардонад."

Пеш аз ин, 14-уми июл, раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода гуфт, ниҳоди зери раҳбарияш нисбати чанде аз муштариёни "Амонатбонк" ба Додситонии кул санад фиристод, то қарзҳоро баргардонанд.

"Санҷиш гузаронидем ва ба Прокуратураи генералӣ 18 парванда фиристодем. Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Прокуратура 50 дарсади маблағ барқарор шуд. Аксарияти ин пулҳо фоиз (баҳра)-и ҷаримаҳост",–шарҳ дод ӯ.

Дар "Амонатбонк" ва Палатаи ҳисоб тасдиқ карданд, ки барои чунин камбудҳо дар баробари муштариён, “нисбати кормандони бонк низ чораҷӯйӣ шуд”, вале тафсилот надоданд.

Назари муштариёни, ба қавли масъулон, саркаш аз пардохти пули бонк то ҳол маълум нест.

Баҳси Палата ва "Амонатбонк" бар сари 200 млн. сомонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Намояндагони Палатаи ҳисоб соли гузашта ҳам гуфта буданд, ки дар "Амонатбонк" беш аз 41 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Палатаи ҳисоб, ин маблағ аз суратҳисоби муштариён бе иҷозати онҳо гирифта шудааст. Он замон низ раиси "Амонатбонк" гуфта буд, камбуди маблағҳо дар ин бонкро аудити дохилӣ маълум кард, на санҷиши Палатаи ҳисоб.

Пештар Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду масъули "Амонатбонк"-ро барои интиқолу мубодилаи ғайриқонунии маблағҳои ин ниҳоди молӣ боздошт карда буд. Ин ду нафар дар бинои асосии бонк дар шаҳри Душанбе фаъолият доштаанд.

"Амонатбонк" масъули пардохти маоши кормандони идораҳои давлатӣ, нафақаи бознишастагон ва дигар ёриҳои иҷтимоӣ аст.

XS
SM
MD
LG