Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ба ҷои Украина мизбони "Евровидение-2023" хоҳад шуд


Kalush Orchestra барандаи озмуни мусиқии "Евровидение" дар соли 2022 гардид. 15 май, шаҳри Турини Итолиё
Kalush Orchestra барандаи озмуни мусиқии "Евровидение" дар соли 2022 гардид. 15 май, шаҳри Турини Итолиё

Озмуни "Евровидение" дар соли 2023 дар Бритониё баргузор мешавад. Қарор буд соли оянда ин озмуни маъруфи мусиқӣ дар Украина барпо мешуд, чун имсол як гурӯҳи мусиқии украинӣ дар он ғолиб эълон шуд. Аммо ба далели ноамнӣ дар ин кишвар, макони баргузории онро тағйир доданд.

Созмондиҳандагони “Евровидение” гуфтанд, имсол ширкати садову симои бритониёии Би-Би-Си масъулияти баргузории ин озмунро дорад. Раҳбари ин ширкат ботаассуф гуфт, украиниҳо ҳоло тавони баргузории озмуни байналмилалиро надоранд, вале вай таъкид кард, ки талош хоҳанд кард, дар баробари мусиқиҳои бритониёӣ дар озмун ҳунару фарҳанги украиниро ҳам ёд кунанд.

Озмуни мусиқии "Евровидение" соле як бор ва миёни кишварҳои қораи Аврупо баргузор мешавад. Бори охир дар Бритониё озмуни Евровидение соли 1998 баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG