Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Centerra овоз дод. Кони Қумтор моли ҳукумати Қирғизистон хоҳад шуд


Корхонаи Қумтор
Корхонаи Қумтор

Саҳҳомоти ширкати канадаии Centerra Gold дар ҷаласаи рӯзи 25-уми июлашон қатъномаи ҳукумати Қирғизистон ва ширкати “Қирғизолтин”-ро қабул карданд, ки роҳро барои ҳалли баҳси сари кони тиллои Қумтор ва ба ихтиёри истисноии Қирғизистон гузаштани он ҳамвор мекунад. Centerra Gold гуфтааст, ки дар ҷаласа 96,8 дарсади саҳҳомон қатъномаро ҷонибдорӣ ва танҳо 3,17 дарсад мухолифи он назар доданд. Қабули қатънома шарти муҳими иҷрои созишномаи рӯзи 4 апрел имзошуда миёни Centerra Gold ва Қирғизистон ба шумор меравад.

Давоми чандин соли охир Қумтор мавриди даъвоҳои моливу муҳитзистӣ ва ҳам дар маркази баҳсҳои сари қонунмандии мансубияти он ба ширкати хориҷӣ ё ҳукумати Қирғизистон қарор дошт. Ҳукумати Қирғизистон пойфишорӣ дошт, ки фаъолиятҳои Centerra бар зарари муҳити зист аст, вале ширкат ин интиқодҳоро рад мекард.

Моҳи маи соли 2021 ширкати канадаӣ гуфт, ки барои барқарор кардани ҳуқуқаш барои кор дар ин кон вориди баҳси тӯлонии додгоҳӣ мешавад. Баъди моҳи апрели имсол бисёр қонунгузорон дар Қирғизистон дар заминаи набуди шаффофият дар кори ҳукумат нисбати ин кон нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG