Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Тошканд дар бораи Афғонистон бо ҳузури Толибон. AI: "Шармовар аст"


Рӯзи 25-уми июл дар Тошканд, пойтахти Узбекистон, бо иштироки мақомҳои ҳукумати Толибон ва намояндагони баъзе аз кишварҳо ва ниҳодҳои гуногун нишасти дурӯза оғоз мешавад. Ҳамзамон бо баргузории он, баъзе аз созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар аз нишаст интиқод карда, онро "шармовар" хонданд.

Тибқи иттилои расонаҳо, ҳайати ҳукумати Толибон зери раҳбарии Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ин гуруҳ дар Афғонистон, ба Тошканд рафтааст. Ҳукумати Толибон ин нишастро "Конфронси амният ва рушди Афғонистон" номид.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфтааст, нишасти ҳозира идомаи нишастҳое аст, ки дар солҳои 2018 ва 2021 дар мавриди Афғонистон баргузор карда буд.

Ҳофиз Зиё Аҳмад, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, дар мавриди нишасти дурӯзаи Тошканд ба расонаҳо паём фиристодааст. Дар он аз ҷумла омадааст, ки "қарор аст, ин нишаст бо иштироки намояндагони даҳҳо кишвар ва созмон баргузор шавад".

Вале то кунун маълум нест, ки намояндагони кадом кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ дар ин ҳамоиш иштирок мекунанд.

Иштироки мақомҳои Толибон бо вокунишҳои тунде аз сӯи шуморе аз фаъолон ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар рӯбарӯ шудааст.

Самира Ҳамидӣ, як масъули бахши Афғонистон дар Созмони Афви Байнулмилал, дар "Твиттер" навишт, ки бо вуҷуди бархӯрди нодурусти Толибон бо кормандони расонаҳо ва мунтақидонашон, ҷаҳон барои онҳо фурсати ба расмият шинохтан медиҳад ва нишасти байнулмилалӣ баргузор мекунанд. Хонум Ҳамидӣ дар идома афзудааст, "ин иқдом шармовар аст".

Дар ҳоле ки наздик ба як сол аз ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон мегузарад, то кунун ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашнохтааст.

Дувумин бор аст, ки нишасти байнулмилалӣ дар мавриди Афғонистон баъди дубора ба сари қудрати омадани Толибон баргузор мешавад. Дар моҳи январи имсол, Норвегия мизбони нишасте бо ҳузури намояндаҳо ва мақомҳои Толибон буд.

Дар он ҳангом ҳам шуморе аз огоҳон ва фаъолон танқид карда буданд, ки ҷаҳон бо баргузории чунин нишастҳо қасд дорад, бо Толибон робита барқарор кунад ва айбҳои онҳоро ба шевае бипӯшонад.

XS
SM
MD
LG