Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба бандари тиҷоратии Одесса мушак андохтааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Украина гуфтанд, Русия ба зербиноҳо дар бандари Одесса мушак сар додааст.

Фармондеҳии амалиёти ҷануби Украина дар Телеграм навишт, "душман бо ракетҳои "Калибр" ба бандари тиҷоратии Одесса ҳамла кард".

Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 23-юми июл ду мушак ба зербиноҳо бархӯрда, як мушаки дигарро нерӯҳои мудофиаи ҳавоӣ сарнагун кардаанд.

Ҳамла як рӯз пас аз он сурат гирифт, ки созиши муҳим барои азсаргири содироти ғаллаи Украина тавассути бандарҳои Баҳри Сиёҳ имзо шуд.

Вазорати дифои Украина гуфтааст, агар тавофуқ риоя нашавад, масъулияти амиқтар шудани буҳрони ҷаҳонии ғизо ба дӯши Русия хоҳад буд.

Русия ва Украина рӯзи 22-юми июл дар шаҳри Истанбул созишҳои ҷудогонаро бо Туркия ва Созмони Милали Муттаҳид имзо карданд.

Бинобар он, миллионҳо тонна ғаллаи Украина аз тариқи Баҳри Сиёҳ содирот карда хоҳад шуд. Ин ғаллаҳо дар ҳоли ҳозир ба далели ҷанг дар анборҳои Украина хобидаанд.

XS
SM
MD
LG