Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба чанд шаҳри Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст


Биное дар Одеса пас аз ҳамлаи Русия
Биное дар Одеса пас аз ҳамлаи Русия

Шаби 22-уми июл нерӯҳои низомии Русия чанд шаҳри Украина, аз ҷумла Харков ва Николаевро мушакборон карданд.

Субҳи 23-уми июл низ чанд ҳамлаи қавӣ маркази шаҳри Харковро ларзонд.

Игор Терехов, раиси шаҳри Харков дар саҳифааш дар Телеграм хабар додааст, ки дар ин ҳамла бинои Донишгоҳ осеб дидааст.

Дар ин шаҳр чанд бинои баландошёна низ хароб шудааст.

Виталий Ким, раиси шаҳри Николаеви Украина гуфтааст, ки субҳи шанбе шаш ҳамлаи мушакӣ ба ин шаҳр шудааст. Ба гуфтаи ӯ, касе дар ин ҳамлаҳо ҳалок нашудааст.

Русия ҳамлаҳо ба шаҳрҳои Украинаро шарҳ надодааст.

Ҳамчунин субҳи имрӯз чанд ҳамла ба дигар минтақаҳои Украина низ сабт шудааст.

Мавқеи ҷангии Русия пас аз онки Украина аз Амрико мушакандози ҲИМАРС дастрас кард, дигар шуд. Ҳоло суръати ҳаракати низомиёни Русия кунд шудааст ва низомиён танҳо бо ҳамлаҳои мушакӣ иктифо мекунанд.

Русия рӯзи 24-уми феврал бесабаб ба Украина ҳамла кард. То кунун ин ҷанг давом дорад ва ҳазорон нафар куштаву миллионҳо нафар фирорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG