Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои Русияро ба нерӯгоҳе дар Донетск зада гардондаанд


Краматорск, Украина
Краматорск, Украина

Нерӯҳои Украина ҳамлаҳои пайиҳами Русияро ба нерӯгоҳи Вуҳлеҳирск зада гардондаанд.

Вуҳлеҳирск дар 50-километрии шимоли шарқи Донетск дувумин нерӯгоҳи бузурги Украина аст.

Русия мехоҳад, ин иншооти стратегиро тасарруф кунад.

Вазорати дифои Бритониё дар иттилоияе 22-юми июл аз қавли Виталий Ким, волии вилояти Миколаеви Украина, гуфтааст, нерӯҳои Русия барои зарба задан ба зерсохторҳо, иншооти энержӣ ва анборҳо ҳафт мушаки дифои ҳавоӣ истифода кардаанд.

Артиши Украина рӯзи 22-юми июл гуфт, талошҳои асосии артиши Русия дар Донетск ба ишғоли Краматорск ва Бахмут равона шудааст.

XS
SM
MD
LG