Вазъи фавқулода дар ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистони Узбекистон, ки дар пайи эътирозҳо дар шаҳри Нуқус эълон гашта буд, 21-уми июл бекор карда шуд.
Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ додааст, ки раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев бо назардошти дархости маҷлиси Қароқалпоқистон ва "барқарор шудани тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти сокинон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо" фармони бекор кардани вазъи фавқулода дар ин минтақаро имзо кард.
Пештар вакилони Маҷлиси Қароқалпоқистон аз Шавкат Мирзиёев дархост карда буданд, ки вазъи фавқулодаро бекор ва сокинонеро, ки дар нооромиҳо даст надоранд, афв кунад.
Эътирозҳо дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2-юми июли имсол баъди пешниҳоди тарҳи Конститутсияи нави Узбекистон оғоз шуданд, ки худмухтории минтақаро бекор мекунад.
Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, "рӯзи 1-уми июл гурӯҳе бо шиорҳои бардурӯғ мардумро таҳрик дода, боиси бетартибиҳо шуданд."
Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад.