Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба танаш 8 тир расида буд." Чаро Юсуф Исҳоқиро куштанд? ВИДЕО


Юсуф Исҳоқӣ
Юсуф Исҳоқӣ
Юсуф Исҳоқӣ, пизишки тоҷик, ки солҳои дароз раҳбарии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, соли 1996, ҳамагӣ як сол пеш аз имзои созишномаи сулҳ, дар Душанбе кушта шуд. Агар зинда мебуд, рӯзи 21-уми июл ба синни 90 мерасид. Ӯро якҷо бо муовинаш, асабшинос Минҳоҷ Ғуломов, куштанд. Мақомот размандагони гурӯҳи "Раҳмон Гитлер"-ро ба қатли онҳо гунаҳкор карданд, вале норӯшаниҳое дар таҳқиқи ҳодиса мондааст.

"Муаллим ҳанӯз зинда буданд, вале..."

Фаррух Исҳоқӣ, писари Юсуф Исҳоқӣ, мегӯяд, ба тани падараш ҳашт тир расида буд ва пизишкон натавонистанд, ӯро наҷот диҳанд.

Фаррух Исҳоқӣ
Фаррух Исҳоқӣ

"Он рӯз, баъди ҷаласа, падарам аз Минҳоҷ Ғуломов пурсидаанд, ки барои ба хона рафтан мошин дорӣ? Он кас гуфтаанд, бензин нест, пиёда меравам. Падарам он касро то хона бурданӣ мешаванд, аммо дар роҳ се мошин иҳота карда, ба тарафи боғи "Ирам" мебарад. Дар наздикии боғ мепарронанд. Вақте ба бемористон оварданд, муаллим ҳанӯз зинда буданд," – ба ёд овард ӯ.

Фаррух Исҳоқӣ аз масъулони яке аз бахшҳои ҷарроҳӣ дар бемористони "Шаҳраки тиббӣ" аст.

Террори ду донишманди маъруф – Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов – он замон ба унвони ҳодисаи даҳшатангезе миёни мардум сарусадоҳое зиёдеро ба миён овард. Бахусус баъди онки, ба иттилои манобеи огоҳ, дар музокироти сулҳ дар Теҳрон, мухолифон номзадии ӯро ҳамчун шахси бетараф ба мақоми раиси Кумисюни оштии миллӣ пешниҳод карда будаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, куштори чеҳраҳои саршинос ҳадафмандона сурат мегирифт. Ба гуфтаи онҳо, агар яке аз ҳадафҳои қатлҳо, талоши холӣ кардани курсии нафаре ё қатъи дахолаташон ба умури давлатӣ бошад, дар умум, "ҳадафи асосӣ ваҳшатафканӣ ва ноором кардани вазъ буд".

Ба ин нукта низ таъкид мешавад, ки "бештаре аз нерӯҳои даргир дар ҷанги миёни тоҷикон манфиатдор буданд, мағзҳои рӯшан ва чеҳраҳои шуҳратманд аз байн бурда шаванд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Чаро Юсуф Исҳоқиро куштанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:11 0:00

Назарҳои гуногун дар бораи фаъолияти ӯ

Ҳарчанд аз қатли Юсуф Исҳоқӣ бисту шаш сол гузаштааст, ному осори ӯро дар Донишгоҳи тиббӣ зинда нигоҳ медоранд. Манучеҳр Шоев, пизишк ва ходими илмии кафедраи бемориҳои гулӯ ва бинии Донишгоҳи тиббӣ, мегӯяд, пеш аз оғози таҳсил ҳар як донишҷӯ бо мероси илмии Исҳоқӣ ошно мешавад.

Манучеҳр Шоев
Манучеҳр Шоев

"Юсуф Баширхонович солҳои зиёд паси ҳамин миз нишаста кор мекарданд. Рӯйи ҳамин диван нишаста, хастагии худро мебароварданд. Ин утоқ саршор аз фазои кории устод Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ аст ва шогирдонро барои идомаи кори устод водор месозад," – нақл кард ӯ.

Аммо на ҳама аз пизишкону устодони Донишгоҳи тиббӣ дар бораи корномаи Юсуф Исҳоқӣ назари яксон доранд. Як масъули Донишгоҳи тиббӣ дар суҳбати бидуни сабт ба Радиои Озодӣ гуфт, "барои донишгоҳ ҳеч хидмати арзанда накардааст. Раҳбарони ҳозира барои беҳбуди вазъ талош доранд. Он солҳо фарши донишгоҳ пӯсидаву курсии кофӣ набуд. Сатҳи таълим хеле поин буд."

Маъмурхон Акрамӣ, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, мегӯяд, охири солҳои 80-ум Иттиҳоди Шӯравиро буҳрони амиқи иқтисодӣ фаро гирифта буд ва Юсуф Исҳоқӣ тавонист, Донишгоҳро ҳифз кунад.

Юсуф Исҳоқӣ
Юсуф Исҳоқӣ

"Соли 1986, дар авҷи бозсозии Горбачёв, тасмим гирифт, 11 донишҷӯйи беҳтарин узви Шӯрои илмӣ шаванд. Мегуфт, ҳузури донишҷӯён дар Шӯрои илмӣ барои беҳбуди фаъолияти муассиса зарур аст. Ҳамчунин, дастур шуд, ки донишҷӯёни узви Шӯрои илмӣ дар имтиҳонҳои қабул ва ҷорӣ ширкат кунанд, то аз ҷӯрабозиву интиқомгирии устодон пешгирӣ карда шавад," – нақл кард ӯ.

Юсуф Исҳоқӣ рӯзи 21-уми июли соли 1932 дар хонаводаи зиёӣ дар Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ аввал ба бахши таърихи Донишкадаи омӯзгории он замон шаҳри Ленинобод дохил шуда, сипас донишҷӯи Донишкадаи тиббии шаҳри Душанбе шуд.

Дар чанд бемористони пойтахти Тоҷикистон кор карда, то ба мансаби раиси Донишгоҳи тиббӣ расид. Узви Академияи тиббии Иттиҳоди Шӯравии собиқ буд. Беш аз 300 асару мақолаи илмӣ навиштааст.

XS
SM
MD
LG