Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар гузорише гуфт, пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар 15-уми августи соли гузашта, чандсад мавриди ҷиддии нақзи ҳуқуқи башарро дар он кишвар сабт кард.
Дар гузориш, ки рӯзи 20-уми июл нашр шуд, "куштор, шиканҷа ва бадрафторӣ, боздоштҳои худсарона, нақзи ҳуқуқи занон ва духтарон" дар Афғонистон зикр шудааст.
Ёфтаҳои асосии Созмони Милал аз 15-уми августи соли 2021 то 15-уми июни соли 2022 нишон медиҳад, ки Толибон масъули 160 куштори мақомҳои ҳукумати пешин будаанд.
Дар гузориш омадааст, ҳокимони нав бар Афғонистон масъули "178 боздошти худсарона, 23 мавриди боздошти ғайриқонунӣ ва 54 мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ бо мақомҳои пешини нерӯҳои амниятӣ, дифоӣ ва давлатӣ"-и ҳукумати қаблӣ будаанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, дар "Твиттер" навиштааст, ки гузориши СММ таблиғот аст.
"Гузориши дафтари СММ дар мавриди ҳуқуқи башар дар Афғонистон дуруст нест. Агар шахсе худсарона касеро бикушад ё дастгир кунад, ҷинояткор шинохта мешавад ва тибқи қонуни шариат ҷазо дода мешавад. Дар ин маврид гузориши Дафтари СММ дуруст нест, балки таблиғот аст," – афзудааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раиси бахши ҳуқуқи башар дар Дафтари СММ дар Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар паёме дар "Твиттер" гуфтааст, мақомҳои Толибон қадамҳоеро барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар бардоштаанд, аммо қонуншиканиҳо ҳанӯз идома доранд.
Дафтари СММ ҳамчунин нақзи ҳуқуқи 173 рӯзноманигор ва корманди расонаҳоро дар 10 моҳи гузашта сабт карда, 163 мавриди онро ба ҳокимони феълии Кобул нисбат додааст.
Дар мавриди талафоти ғайринизомиён омадааст, ки 700 нафар кушта ва беш аз 1400 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин талафотҳо асосан ба ҳамлаҳои гуруҳи террористии ДОИШ рабт дода шудаанд. Айни замон дар гузориш омадааст, ки хушунатҳои мусаллаҳона ба таври умумӣ коҳиши чашмгир доштааст.
Дафтари СММ афзудааст, "18 ҳолати қатл, 54 мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ ва 113 мавриди боздошти худсарона ва 23 мавриди боздошти ғайриқонунӣ"-и афроди муттаҳам ба узвияти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки бо Толибон мухолиф ҳастанд, сабт шудааст.
Пеш аз ин гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башари Афғонистон дар охири моҳи май гуфта буд, ки гузоришҳо дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Панҷшер ва дигар вилоятҳои шимол пайгирӣ ва бисёр ҷиддӣ гирифта мешаванд.
Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон дар ин гузориш аз амалкарди Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва низ Раёсати умумии амнияти миллии Толибон ибрози нигаронӣ кардааст.
Дар гузориш омадааст, "бисёре аз дастурҳои содиршуда аз сӯи Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, ҳуқуқи башар ва озодиҳои афғонҳо, ба хусус занон ва духтаронро маҳдуд мекунад".
Пеш аз ин ниҳодҳои ҳуқуқи башар аз қонунҳои сахтгиронаи Толибон дар бораи занон ва расонаҳои дохилӣ, танқид карда буданд.
Дар гузориш ҳамчунин омадааст, мақомҳои истихборотии Толибон дар нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла қатлҳо, шиканҷа ва бадрафторӣ, ҳамчунин боздоштҳои худсарона, даст доштаанд.