Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амволи роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон "ҳанӯз мусодира нашудааст"


Барно Саидвализода, раиси Хадамоти иҷро
Барно Саидвализода, раиси Хадамоти иҷро

Мақомот мегӯянд, амволи шахсони бонуфуз дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки бо номи “раҳбарони ғайрирасмӣ” машҳуранд, “то ҳол мусодира нашудааст”.

Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷро, рӯзи 20-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, пас аз воқеаҳои охир дар ВМКБ вобаста ба мусодираи молу амвол аз додгоҳҳо “санади иҷро нагирифтаанд.”

Хонум Саидвализода гуфт, “мумкин аст, тафтиши ин қазияҳо идома дорад.”

Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, Хадамоти иҷро танҳо баъд аз қувваи қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ онро иҷро мекунад.

Пештар пайвандони Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни зодагони Бадахшон, гуфтанд, манзили ӯ баъди 18 сол зиндон шуданаш вайрон карда шудааст. Сардори Хадамоти иҷро дар бораи ин қазия изҳори бехабарӣ кард.

Дар пайи амалиёти, ба гуфтаи мақомот, зиддитеррористӣ дар моҳи майи имсол дар ВМКБ даҳҳо нафар, аз ҷумла чанд шахси бонуфуз кушта ва бархе боздошт шуданд.

Мақомот борҳо аз молу амволи ин шахсиятҳо, аз ҷумла Толиб Айёмбеков, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва дигарон суҳбат кардаанд.

Аз ҷумла, масъулони “Амонатбонк” чанд сол пеш гуфтанд, амволи ба гаравмондаи Толиб Айёмбековро ба фурӯш гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG