Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати созмонёфта аз Узбекистон ба Русия кам шудааст


Муҳоҷирони узбек. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони узбек. Акс аз бойгонӣ.

Муҳоҷирати кории созмонёфта аз Узбекистон ба Русия 5,6 баробар кам, аммо ба Кореяи Ҷанубӣ афзудааст. Дар ин бора Оҷонси муҳоҷирати корӣ ба хориҷи Узбекистон хабар медиҳад.

Дар нимаи аввали соли 2022 ин оҷонс 7101 касро барои кор ба хориҷ фиристодааст.

Нишондоди мазкур нисбати ба моҳҳои январ-июни соли гузашта чаҳор баробар кам аст. Дар нимаи аввали соли 2021 ба таври созмонёфта ба хориҷ аз Узбекистон 28,8 ҳазор муҳоҷир ирсол шуда буд.

Русия ҳамоно барои муҳоҷирати узбекистониҳо дар мақоми аввал қарор дорад. Аммо ирсоли муҳоҷирони кори ба таври созмонёфта аз Узбекистон ба Русия 3906 касро дар нимаи аввали соли ҷорӣ ташкил додааст. Дар ҳоле, ки дар нимаи аввали соли гузашта ба ин тартиб 22092 кас ирсол шуда буд.

Дар нимаи аввали имсол аз Узбекистон ба Кореяи Ҷанубӣ 2687 кас фиристода шудааст. Дар нимаи аввали соли гузашта ин омор ба 826 кас мерасид.

XS
SM
MD
LG