Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи Би-би-сӣ: Нерӯҳои Бритониё борҳо ғайринизомиёнро дар Афғонистон куштаанд


Нерӯҳои бритониёӣ дар Ҳилманд. Соли 2006
Нерӯҳои бритониёӣ дар Ҳилманд. Соли 2006

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар хоҳони муҳокимаи он идда аз сарбозони бритониёӣ шудаанд, ки ба куштори ғайринизомиён дар Афғонистон муттаҳаманд. Ин дархост пас аз он матраҳ шуд, ки бар асоси таҳқиқоти нави телевизиони Би-би-сӣ, нерӯҳои Бритониё 52 афғонистониро дар шароити машкук куштаанд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, натиҷаҳои гузориши Би-би-сӣ дар бораи ҷиноятҳои эҳтимолии нерӯҳои бритониёӣ дар Афғонистон бисёр "ғамангез" аст.

Барномаи "Панорама"-и Би-би-сӣ, ки мустанад ва гузоришҳои таҳқиқотиро дар бораи чунин мавзуъҳои муҳим таҳия мекунад, гурӯҳе аз нерӯҳои вижаи бритониёиро ба куштори пайдарпайи афроди ғайримусаллаҳ ва зиндониён дар шароити машкук дар Афғонистон муттаҳам кардааст.

Бар асоси гузориши шабакаи хабарии Би-би-сӣ, аз моҳи ноябри соли 2010 то моҳи майи соли 2011 чандин амалиёт дар вилояти Ҳилманд анҷом шудааст, ки боиси кушта шудани 54 ғайринизомӣ гаштааст.

Созмони Афви Байнулмилал ҳам ба гузориши Би-би-сӣ вокуниши сахт нишон додааст. Ин созмон рӯзи сешанбе дар баёнияе ба нақл аз Замон Султонӣ, яке аз пажӯҳишгарони ин созмон навиштааст, маълумоти Би-би-сӣ "ваҳшатнок" аст.

Замон Султонӣ дар идома гуфтааст, Бритониё вазифадор аст, ки фавран таҳқиқотро дар бораи ҳамаи иттиҳомот ва ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангии нерӯҳои худ оғоз кунад ва "ҳар шаҳрванди ин кишварро, ки гумонбар ба як ҷинояти фардӣ бошад, таҳти пайгарди қонунӣ қарор диҳад ва ба панҷаи қонун бисупорад".

Ӯ ибрози нигаронӣ кардааст, ки Бритониё дар мавриди ҷиноятҳои эҳтимолии сарбозонаш дар Ироқ ҳам таҳқиқ накардааст ва дар сурати хомӯшии бештар, бояд Додгоҳи байнулмилалии ҷиноятҳо даст ба кор шавад.

Пас аз нашри гузориши шабакаи хабарии Би-би-сӣ, Вазорати дифои Бритониё вокуниш нишон дод ва гуфт, нашри чунин гузоришҳо метавонад ҷони сарбозони ин кишварро ба хатар биандозад.

Баъзе аз рӯзномаҳои бритониёӣ, аз ҷумла "Independent" ва "Guardian" ба нақл аз Вазорати дифои Бритониё навиштаанд, ки гуфтааст, омодаи баррасии далелҳои нав дар ин росто мебошад. Аммо вазорат мустанади Би-би-сӣ-ро беасос хонда ва гуфтааст, иддаое, ки дар баъзе маврид сурат гирифтааст, дар гузашта ба таври комил мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд.

Аз тарафи дигар, рӯзномаи "Guardian" ба нақл аз як масъули пулиси Бритониё навиштааст, онҳо аз Би-би-сӣ хостаанд, то маълумотро бо онҳо дар миён бигузорад, то дар ин маврид баррасиҳо сурат бигирад, ки оё ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон анҷом шудааст ё не? Пулис гуфтааст, ки шабакаи хабарии Би-би-сӣ дар ин маврид "ғайримасъулона" ва "нодуруст" гузориш таҳия кардааст.

Бритониё бахши асосии нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрикоро дар Афғонистон ташкил медод. Нерӯҳои бритониёӣ асосан дар Ҳилманд ҷобаҷо шуда буданд.

Бар асоси омори Вазорати дифои Бритониё, аз соли 2001 то соли 2014, дар умум, 14 ҳазору 350 сарбози бритониёӣ ба Афғонистон фиристода шуда буданд. Дар авҷи ҳузури нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, 9500 сарбози бритониёӣ дар Ҳилманд буданд.

XS
SM
MD
LG