Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории сафирони Украина дар панҷ кишвар


Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 9-уми июл сафирони кишварашро дар Олмону Маҷористон, Норвегия, Чехия ва Ҳиндустон барканор кард.

Дар фармон сабаби тасмимро нагуфтаанд. Ҳамчунин маълум нест, ки ба онҳо дар ниҳодҳои давлатии Украина мансабҳои дигар дода хоҳад шуд ё не.

Нашрияҳои олмонии "Bild" ва "Sueddeutsche Zeitung" дар аввали ҳафта гузориш доданд, ки сафири Украина Андрей Мелник Берлинро тарк карда, дар Вазорати корҳои хориҷии кишвараш вазифа хоҳад гирифт.

Мелник барои мадади бештари Берлин, бахусус фиристодани силоҳ аз Олмон ба Украина, садо баланд карда буд.

Зеленский дар як паёми видеоӣ тағйироти кадриро "бахши маъмулии кор" номид.

Ӯ гуфт, "намояндагони нави Украина дар Чехия, Олмон, Маҷористон, Норвегия ва Ҳиндустон таъин карда хоҳанд шуд. Номзадҳоро Вазорати корҳои хориҷӣ омода мекунад."

XS
SM
MD
LG