Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар шарқи Украина


Донетск, Украина
Донетск, Украина

Нерӯҳои Русия ба нияти зери тасарруф даровардани минтақаи Донбас, ҳамлаҳои ҳавоии худро бештар кардаанд. Президент Путин рӯзи панҷшанбе ҳушдор дод, ки Русия ҳанӯз бо тамоми нерӯ дар Украина вориди маърака нашудааст.

Рӯзи 7-уми июл бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои русӣ дар шаҳри Харков се нафар ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар маҷруҳ шуданд.

Павло Кириленко, масъули низомии минтақаи Донетск, гуфт, нерӯҳои русӣ дар Краматорск ва Авдиянка ғайринизомиёнро ҳадаф қарор дод. Бар асари ҳамлаҳо дар ин ду шаҳр ду нафар кушта ва 8 нафар захмӣ шуданд.

Ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Русия дар Донетск гуфтанд, бар асари ҳамлаи нерӯҳои украинӣ як нафар кушта ва 11 тан ҷароҳат бардоштанд. Тасдиқи ин иддао аз сӯи манбаъҳои дигар номумкин аст.

Пас аз тасарруфи вилояти Луганск, нерӯҳои русӣ ҳамлаҳои худро дар Донетск афзоиш доданд ва тамаркузи онҳо ҳоло бештар сари Краматорск ва Словянск аст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дар суханронии видеоии шабонаи худ 7-уми июл ба ин ҳамлаҳо ишора кард ва гуфт, ҳар чи ёриҳои дифоӣ ба Украина дар ҳоли ҳозир бештар бошад, ҷанг зудтар поён хоҳад ёфт.

Путин қаблан ба вакилони порлумони кишвараш гуфта буд, ҳанӯз ҳеч амали ҷиддиро дар Украина оғоз накардааст.

XS
SM
MD
LG