Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар як кони Қазоқистон. Ду кас ҷон бохт


Дафтари матбуоти раёсати тандурустии вилояти Атирауи Қазоқистон вазъи онҳоеро шарҳ дод, ки дар натиҷаи таркиш дар кони Тенгиз ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодиса рӯзи 6-уми июл рӯй дод.

Ба гуфтаи масъулони раёсат, ин таркиш ҷони ду кормандро рабудааст. Яке аз онҳо дар маҳалли ҳодиса ва дувумӣ дар бемористон ба ҳалокат расидаанд.

"Осебдидаи севумро бо ҳавопаймо ба беморхонаи вилоятӣ бурданд. Айни замон табибон беморро муоина мекунанд. Коргари чоруми маҷрӯҳ ба беморхонаи ноҳияи Жилой интиқол дода шуда, табибон ба осебдидаи панҷум ёрии равонӣ мерасонанд", - гуфтанд дар раёсати тандурустии Атирау.

Дар робита ба таркиш дар кони ширкати "Тенгизшевройл" низ изҳороти расмӣ пахш кард.

Дар баёнияи ширкат гуфта шуда, ки "6-уми июли соли 2022 ҳангоми озмоиши дастгоҳе бо иштироки кормандони ширкати пудратчии "Сенимди Қурилис" ва пудратчиёни он таркиш ба амал омада, дар натиҷа ду кас ҳалок ва се тани дигар захмӣ шуданд".

XS
SM
MD
LG