Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чандин узви ҳукумати Бритониё истеъфо доданд


Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё
Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё

Беш аз 30 нафар ба далели аз даст додани эътимод ба сарвазир Борис Ҷонсон ҳукумати Бритониёро тарк карданд. Дар миёни онҳо раҳбарони баъзе аз вазоратҳо низ ҳастанд. Чандин вазири истеъфодода бо навиштани номае ба сарвазири Бритониё гуфтанд, ки аз мақомаш канор равад, вале ӯ посухи рад дод. "Sky News" бо такя ба манобеаш хабар додааст, ки кумитаи Ҳизби муҳофизакор рӯзи 11-уми июл интихоботи раҳбари нави худро баргузор мекунад. Истеъфои вазирон ва вакилони Бритониё дар пасманзари танқид шудани Ҷонсон дар дохили ҳизб сурат мегирад. Ҷонсон моҳи апрел аввалин сарвазире дар таърих шуд, ки ҳангоми ифои вазифа ба нақзи қонун айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG