Думаи давлатӣ ё порлумони Русия тағйиру иловаҳоро ба қонуне қабул кард, ки ташкили тазоҳуротро дар назди ниҳодҳои давлатӣ манъ мекунад.
Дар феҳрасти сохторҳои давлатӣ номи беш аз 20 муассиса, аз ҷумла фурудгоҳу беморхона, мактабу донишгоҳ ва муассисаҳои динӣ оварда шудааст.
Ҳамчунин, тибқи тағйиру иловаҳо ба қонун, мақомоти маҳаллӣ ҳақ доранд, ба рӯйхати ҷойҳое, ки дар он баргузории гирдиҳамоӣ манъ аст, номҳои навро илова кунанд.
Ин лоиҳа барои шахсоне, ки ҳукумат “агенти хориҷӣ” медонад, ташкили эътирозро манъ мекунад.
Андрей Климов, яке аз муаллифон, дар шарҳи лоиҳа гуфтааст, ҳадаф "таҳкими ҳифзи ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои ҷанги гибридиву ҳамаҷонибаи кишварҳои Ғарб аст, ки алайҳи Русия оғоз шудааст".