Президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, ки баъди фирор аз кишвар дар Беларус зиндагӣ мекунад, дар суҳбат бо нашрияи қирғизии "Жани Ордо" гуфт, омодааст, ба суоли раҳбарият ва сокинони кишвараш посух диҳад.
Ӯ афзуда, ки дар мурофиаи писараш Максим Боқиев дар додгоҳи байнулмилалии Лондон онлайнӣ иштирок дошт.
Боқиев дар посух ба суоли рӯзноманигор, ки оё омодааст, онлайнӣ дар баррасии додгоҳии парвандаи худаш иштирок кунад, гуфтааст, "ман омодаам, дар ҳар додгоҳи байнулмилалӣ иштирок кунам. Ман ба ҳама кор омода ҳастам, то насабам дар саҳифаҳои таърих ва дар назди миллат сафед бошад. Ман ташнаи адолат ва ҳақиқат ҳастам. Раҳбарияти Қирғизистон медонад, ки ман дар қароргоҳе дар Беларус зиндагӣ мекунам. Аммо ягон кас маро огоҳ накардааст, ки ба зидди ман айб эълон кардаанд. Ҳоло президентҳо онлайнӣ ҷаласа баргузор мекунанд ва додгоҳҳои Қирғизистон низ ба монанди додгоҳи Лондон метавонад онлайнӣ ҷаласа баргузор намоянд. Агар мехостанд, метавонистанд. Агар розӣ шаванд, ман хурсанд мешавам".
Қурмонбек Боқиев солҳои 2005-2010 президенти Қирғизистон буд. Вай дар натиҷаи "Инқилоби лолаӣ"-и зидди ҳукумати Аскар Оқоев сари қудрат омад, аммо дар натиҷаи инқилоби рӯзҳои 7-15 апрели соли 2010 аз сари қудрат барканор шуд.
Боқиев баъди инқилоби апрелӣ аз Қирғизистон фирор кард. Айни замон вай ҳамроҳ бо хонаводааш дар Беларус зиндагӣ дорад. Ин кишвар ба вай шаҳрвандӣ додааст. Соли 2015 Боқиев дар Минск хона сохт ва соли 2019 онро ба духтараш тақдим кард.
Ҳукумати Қирғизистон дар талоши истирдоди вай аст. Дар Қирғизистон хонаводаи Боқиевҳоро дар куштори тоҷири бритониёӣ Шон Дэйлӣ ва суистифода аз мақоми хидматӣ айбдор мекунанд. Президенти пешин ғоибона ба 30 сол зиндон маҳкум ва дар пайгард қарор дода шудааст.