Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Айфон" дар Тоҷикистон дӯстдорони зиёд, аммо харидорони кам доштааст. Чаро? ВИДЕО


Дар Тоҷикистон "Айфон" харидори камтар доштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Аз тавлиди нахустин “Айфон”, ки дар Тоҷикистон ҳам дӯстдорони зиёд дорад, 15 сол гузашт. Доштани ин телефонро бисёриҳо орзу мекунанду тавлиди навтарин навъашро интизор мешаванд. Барои гурӯҳе дар Тоҷикистон ҳам доштани абзорҳои “Apple”, аз ҷумла “Айфон” мояи ифтихор аст, аммо на ҳама онро мехаранд. Чаро?

Интихоби гуногуни Абдувалӣ ва Фирдавс

Абдувалӣ Соҳибов, сокини шаҳри Душанбе, баъд аз чанд соли истифода аз телефони ҳушманди “Самсунг”, мехоҳад, “Айфон” бигирад. Ӯ сабабашро “камера ва протсессори қавӣ” гуфт.

“Айфон” назар ба телефонҳои дигари ҳушманд харидор дорад, аммо онро бештар соҳибкорон мегиранд. Барои пеш бурдани фаъолияташон дар Инстаграм хуб аст. Шахсе, ки “Айфон” дорад, худашро муваффақтар ҳис мекунад. iOS нисбат ба Android амнияти хубтар дорад,” – афзуд мусоҳиби мо.

Ширкати “Apple” хабар дод, ки тирамоҳи имсол “Айфон”-и насли 14-ро пешниҳоди муштариён мекунад. Аммо Фирдавс Ёров, истифодабарандаи дигари телефонҳои ҳушманд, мегӯяд, мунтазири модели нави “Айфон” намешавад.

Ба бовари ӯ, “навигариҳое, ки дар “Самсунг” ҳаст, дар “Айфон” нест. Инҳо – камераи сабтии 360-дараҷаӣ, айнаки виртуалӣ.”

Маҳбубият – арзонӣ

Дар Тоҷикистон дастгоҳҳои сохти Кореяву Чин, ба монанди “Самсунг” ва “Редми”, аз маҳбубияти зиёдтар бархурдор ҳастанд. Тоҷирону сокинон ин маҳбубиятро бештар ба арзонӣ ва дастрас будани абзорҳо пайванд медиҳанд.

Рустам Гулов, коршиноси арсаи фанновариҳои навин, гуфт: “Бар ивази як “Айфон” 4-5 телефони дигари ҳушманд мехаред. Аз нуқтаи назари камера ва соддагӣ як дараҷа авлавият дорад, аммо гуфта намешавад, ки сад дарсад аз телефонҳои дигар беҳтар аст. Агар шахс хоҳад, ки телефон, макбук ва соати “Apple”-ро якҷоя истифода барад, пас, онҳо якдигарро пурра мекунанд ва имкониятҳои васеъ пешкаш мекунанд”.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз тоҷирон дар Душанбе гуфтанд, дар як соли охир харидорони “Айфон” низ афзудааст. Ба гуфтаи онҳо, феълан арзиши як телефони ҳушманди “Айфон” аз 14 ҳазор сомонӣ шуруъ мешавад. Арзиши телефонҳои “Samsung” ва “Redmi” аз се то чоруним ҳазор сомонӣ ва дар бозори дасти дувум аз 500 то 1000 сомонӣ будааст.

Дар солҳои охир мақомоти Тоҷикистон чанд дафъа маъракаи густардаро барои коҳиши истифодабарӣ аз телефонҳои ҳамроҳ эълон мекунанд. Раисиҷумҳур ҳангоми паёми имсолааш ба порлумон гуфт, аҳолии Тоҷикистон дар даҳ соли охир “барои дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ зиёда аз 30 миллиард сомонӣ харҷ кардаанд.”

XS
SM
MD
LG