Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои таркиш ва бонги хатар шаҳри Миколаеви Украинаро ларзонд


Миколаев дар гузашта ҳам мавриди ҳамла қарор гирифта буд
Миколаев дар гузашта ҳам мавриди ҳамла қарор гирифта буд

Бо гузашти як рӯз аз мушакборони Русия ба шаҳри Одессаи Украина, ки бо марги 21 ғайринизомӣ анҷомид, бомдоди рӯзи 2-уми июл сокинони шаҳри Миколаевро садои таркиш ва бонги хатар бедор кард.

Олександр Сенкевич, раиси шаҳри Миколаев дар Телеграм навишт, ки “Дар шаҳр таркишҳои қавӣ рух медиҳад. Дар паноҳгоҳ бимонед.” Ҳоло маълум нест, чӣ таркидааст, вале бонги хатар дар саросари вилояти Миколаев шунида шудааст, ки ҳаммарз бо вилояти Одесса аст.

Мақомоти Украина рӯзи 1-уми июл гуфтанд, мушакҳои Русия ба як бинои чандошёна ва як маркази истироҳатӣ дар шаҳраки Серҳиевка бархӯрдаанд, ки дар 50 километрии ҷанубуғарби Одесса воқеъ аст. Ба қавли онҳо дар байни 21 кушташуда дар инҷо камаш ду кӯдак низ ҳаст. Дар натиҷаи ҳамла 38 каси дигар аз ҷумла се тифл ҷароҳат бардоштаанд.

Дмитро Кулеба, вазири умури хориҷии Украина дар Твиттер навишт: “Кишвари террористии Русия ҷангро ба зидди ғайринизомиён бо мушакборони шабона ба вилояти Одесса идома дод.” Ӯ дар ин баёнияи кутоҳ аз Ғарб хостааст, ба кишвари кумакҳои низомии бештар расонад.

Раиси ҷумҳур Владимир Зеленский рӯзи 1-уми июл ҳамла ба Одессаро маҳкум кард ва онро на хато ва ё тасодуф, балки ҳамлаи барқасдонаи Русия ба ғайринизомиён номид. Мақомоти Русия ин иддаоҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ғайринизомиёнро ҳадаф намегиранд. Русия барои батамом ба даст овардани назорати вилояти Луганск ва Донетски Украина ҳамлаҳои мушакӣ ба дигар шаҳрҳои ин кишварро зиёд кардааст.

Баъди ишғоли шаҳри Севердонетск дар моҳи гузашта ҳоло неруҳои Русия барои ишғоли шаҳри Луҳанск омодагӣ гирифтаанд. Ҷангҳои сахт дар шаҳри Лисичанск идома дошт, ки дар рӯ ба рӯи Севердонетск қарор дорад.

Моҳи гузашта як мушаки русӣ ба фурӯшгоҳи пуродаме дар шаҳри Кременчуки Украина бархӯрд ва мақомоти украинӣ онро амали “террористӣ” номиданд. Русия гуфт, ҳамла кори дасти онҳо нест.

Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Украина рӯзи 1-уми июл гуфт, теъдоди қурбониёни ин ҳамла афзуда, ба 19 нафар расидааст. Аз миёни 64 нафар маҷруҳ 26 нафари онҳо дар бемористон будаанд. Додситонии кулли Украина гуфт, сарнавишти 36 каси дигар маълум нест.

XS
SM
MD
LG