Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати ғайриқонии дору, ки бо марг меанҷомад. ВИДЕО


Тиҷорати ғайриқонии дору, ки бо марг меанҷомад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Тиҷорати ғайриқонии дору, ки бо марг меанҷомад

Роҳи интиқоли доруҳои қочоқӣ ба Афғонистон аз маконе дар як хиёбони Теҳрон, пойтахти Эрон, оғоз мешавад.

Беш аз 30 дарсади маводи доруворӣ дар Афғонистон истеҳсоли Эрон аст, ки бо роҳи қочоқ вориди ин кишвар мешаванд.

Ба иттлои расмӣ, танҳо ҳудуди панҷ дарсади доруҳои мавриди ниёзи Афғонистон бо роҳи қонунӣ ва 95 дарсади дигар ба таври қочоқӣ ба ин кишвар ворид карда мешаванд. Як таҳқиқоти Радиои Фардо маълум кард, ки як бахши қобили мулоҳизаи доруҳои қочоқӣ аз Эрон бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла бо мошинҳои боркашу автобусҳо, ба Афғонистон оварда мешаванд.

Дар анборҳои дору дар Афғонистон доруҳое ҳам ҳаст, ки дар худи Эрон камчинанд.

Як доруфуш дар Кобул гуфт, ки "доруҳои Эрон дар нисбат ба доруҳои Покистон арзонтар аст. Сифаташ воқеан хуб аст. Маризоне, ки истифода мекунанд, розӣ ҳастанд.”

Як қочоқчии маводи доруворӣ дар суҳбат бо Радиои Фардо шеваи корашро нақл кард.

“Ҳар рӯз, субҳ як мошин меравад, бегоҳ дигараш меояд аз Эрон. Бештар инсулин меоранд. Як маводи дигар аст, ки беморони қанд истифода мекунанд. Ва дигар баъзе маводҳои, ки барои беморони сухта истифода мешавад. Он ҳам аз Эрон меояд. Як навъи дору барои қатъи хунрезӣ аст, ки бештар аз Эрон ворид мешаванд, чун тавлиди худашон аст.”,--гуфт ӯ.

Роҳҳои қонунии воридоти дору ба Афғонистон маҳдуд аст, аз ин рӯ, бештар бо роҳи қочоқ дору ворид мешавад.

Як кочоқбари маҳсулоти доруворӣ гуфт: “Мо доруҳоро дар контейнерҳо ва халтаҳо пинҳон мекунем, то маълум нашавад, ки дору аст. Ба онҳое, ки муваззаф ҳастанд, ширинӣ медиҳем, ҳамин тавр то марз мерасад.”

Қочобари дигар мегӯяд, бекор аст ва кочоқи дору ягона роҳи зиндагӣ барои худу хонаводааш аст.

“7 сол аст, ки ба харидуфуруши дору машғулам. 4 сол мешавад, ки аз Эрон дору меорам. Худатон мефаҳмед, ки дар кишваре чун Афғонистон касе аз рӯйи тахассус кор карда наметавонад. Бисёр бекороне ҳастанд, ки ба тиҷорати дору машғуланд. Ман шахсан ҳарчанд шахси таҳсилкардаам, барои таъмини хонавода маҷбурам ин корро кунам.”,--гуфт ӯ.

Сифати ва шеваи дурусти нигаҳдории доруҳои қочоқиро касе кафолат намедиҳад.

Огоҳон мегӯянд, дар ҳоле, ки қочоқи дорӯ аз Эрон ба Афғонистон афзоиш ёфтааст, дар худи Эрон сокинон аз камбуди маводи доруворӣ ва нархи гарони он шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG