Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адабпажӯҳ ва устоди донишгоҳ. Худоӣ Шарифзода кӣ буд?


Мисбоҳиддини Нарзиқул, профессор

Донишманди тавонои тоҷик профессор Худоӣ Шарифзода (25.06.1937 – 29.10.2017), ки имсол аз синни ӯ 85 сол пур мешавад, дар адабиётшиносӣ ва нақди адабии муосир аз ҷумлаи чеҳраҳои маъруфу мондагор ба шумор меравад.

Фаъолияти адабпажӯҳии ӯ баъд аз дифои рисолаи докторӣ, ки ба давраи тағйири низоми Шӯравӣ ва боз шудани чаҳорчӯбаҳои танги мафкуравии замон рост меояд, боз ҳам паҳнои васеъ пайдо кардааст.

Дар радифи адабиётшиносию нақди адабӣ таваҷҷуҳи ӯро масъалаҳои марбут ба афкори адабию назарии асримиёнагӣ, танқиди адабӣ, фолклор, осори манзуму мансури классикӣ, назму насри адабиёти муосири тоҷик ва ҷомеашинохтии забони тоҷикӣ низ ҷалб карданд.

Дар заминаи кулли бахшҳои мазкур аз рашҳаи қалами Худоӣ Шарифзода мақола, рисола ва асарҳои зиёде таровидаанд, ки дар хилоли онҳо назари хосси муҳаққиқ бармало намудор буда, нуктаи муҳимме, ки кулли таҳқиқоти эшонро ба ҳам мепайвандад, ба назари мо, таваҷҷуҳ ва диққати бештар ба ҷиҳати маъноии сухани бадеӣ ва ҷанбаи методологию назарии мабоҳиси адабпажӯҳӣ мебошад.

Солҳои охири ҳаёт мутолиа ва таҳқиқи “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ таваҷҷуҳи Х. Шарифзодаро бештар ба худ ҷалб карда буд. Дар ин замина аввал китоби “Шоҳнома” ва шеъри замони Фирдавсӣ” таълиф шуд, ки ҳам дар Душанбе (2014) ва ҳам дар Теҳрон (2016) чоп шуд.

Ду рисолаи дигар, ки яке ба баррасии достонҳои “Шоҳнома” ва дигаре ба таҳқиқи ҳамосаи шоҳону паҳлавонон дар ҳамин шоҳасари безавол ихтисос дошт, ба шакли мусаввада монд. Ҳар ду китоб баъд аз сафари ҷовидонии муаллиф бо кӯшиши шогирдон ва хонаводаи муаллиф таҳти номҳои “Достонҳои бузурги “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” (2018) ва “Ҳамосаи шоҳон дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” (2021) зевари табъ ба бар карданд.

Ҳамаи таълифоти профессор Худоӣ Шарифзода, махсусан, мақолаҳои “Маънавият ва ҷаҳони зоҳир аз назари Ҷомӣ”, “Шеъри Рӯдакӣ ва шакли байти адабиёти классикӣ”, “Тасвири як ҷанги ҷаҳонӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”, “Сарнавишти забон ва имконоти фикрӣ” борҳо чоп шудаанд.

Инчунин, китобҳои “Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик” (ҳамроҳи Ш. Ҳусейнзода), “Каломи бадеъ”, “Ҳакими суханвар” (ҳамроҳи А. Маниёзов), “Рози ҷаҳон”, “Савти Аҷам”, “Балоғат ва суханварӣ”, “Назарияи наср” ва “Сездаҳ мақола” дар адабиётшиносии тоҷик асарҳои тозаву беназиранд.

Девони Ҳусомии Хоразмӣ барои аввалин бор дар таърихи матншиносии ҷаҳонӣ аз ҷониби профессор Худоӣ Шарифзода омода шуд, ки баъди сафари ҷовидонияш дар Машҳад рӯйи чоп омад. Асарҳои мазкур аз назари методологияи таҳқиқ, самтҳои пажӯҳиш ва муҳтаво ба замони имрӯза ҳам нисбат дошта, дар оянда низ ҳамчун манбаи муътамади илмӣ хидмат хоҳанд кард.

Асарҳои Х. Шарифзода ба масъалаҳои муҳимми илмӣ бахшида шуда, аз ҷиҳати мавзуъ, умқи диди илмӣ ва ҷанбаи назарӣ дар мақоми баланди андеша ва тафаккур таълиф шудаанд. Махсусан, мабоҳиси мавриди таҳқиқ ва ҷусторҳои илмии муҳаққиқ паҳнои васеъ дошта, аз баррасии ҷаҳонбинии устураӣ, тасаввури афсонаӣ, тахайюли эҷодӣ, адабиёти қадим, замони оғози шеъри порсии дарӣ оғоз гардида, бо масъалаҳои назария ва таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик идома ва бо муҳимтарин муаммою масъалаҳои ҷараёни адабии адабиёти муосири тоҷик, эҷодиёти баъзе шоирону нависандагони муосир ва танқиди адабии ҷорӣ такмил мешавад.

Дар ин миён сайри таҳаввули афкори адабию назарӣ ва таҳқиқи масъалаҳои алоқаманд ба он дар ҳамаи давраҳои ташаккулу таҳаввули падидаҳои муҳимми адабӣ ҳамвора мавриди таваҷҷуҳ буда, ба мисли хатти сурхе кулли фаъолиятҳои адабпажӯҳии муҳаққиқро ба ҳам пайванд медиҳад.

Профессор Х. Шарифзода қалами хешро дар эҷоди насри бадеӣ ҳам санҷидааст. Ба қалами ӯ як силсила ҳикояҳо тасниф шудаанд, ки қаблан дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуда, соли 2017 дар китоби “Ёддоштҳо ва ҳикояҳои воқеӣ” манзури доираи васеи хонандагон қарор дода шуд. Ҳикояҳои ӯ заминаи воқеӣ дошта, бо бофти ҳунарӣ такмил шудаанд.

Профессор Худоӣ Шарифзода аз назари мансубият ба шуғл, асосан, устоди донишгоҳ буд. Фаъолияташ аз оғоз то анҷом дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷараён гирифтааст. Хидмати профессор Шарифзода дар омода кардани барномаҳои таълимӣ дар донишгоҳ ва барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хеле калон аст. Фанҳои балоғат ва суханварӣ, сабкшиносӣ ва мактабҳои адабӣ, сарчашмашиносӣ ва таҳлили матнро дар замони истиқлол ба таълими донишгоҳӣ ворид кард, бо роҳнамоии бевоситааш барномаи таълимии ин фанҳо ва барои баъзе китоби дарсӣ омода шуд.

Худоӣ Шарифзода донишманди сатҳи ҷаҳонӣ буда, дар марказҳои шарқшиносӣ, эроншиносӣ ва тоҷикшиносии кишварҳои Русия, собиқ Чехословакия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон миёни донишмандони шарқшинос, эроншинос ва тоҷикшинос шахсияти адабии машҳур ва матраҳ буд.

Таълифоти ҷудогонааш дар маҷаллаҳои бонуфузи кишварҳои мазкур чоп шудаанд. Бахусус, маҳбубияти ӯ дар миёнаи ҷомеаи адабию фарҳангии кишварҳои ба мо дӯсти Эрону Афғонистон истисноӣ буда, асарҳои ҷудогона ва мақолаҳои сершумораш дар он сарзаминҳо чоп шудаанд.

Профессор Худоӣ Шарифзода дар фаъолиятҳои густардаи адабӣ, махсусан самти адабпажӯҳӣ, соҳиби сабки вижа ва хосси таҳқиқ буда, ҳамчун пажӯҳишгари маънигаро маъруф аст. Мухтассоти адабпажӯҳии эшон, ба сурати куллӣ, аз тариқи масъалагузорӣ, усули баррасию таҳқиқ, равиши истифодаи санаду далел, мантиқи муҳокимаронӣ, хулосабарорӣ ва дар натиҷаи маърифати ҳунарии рӯйдодҳои бадеӣ дарёфтани арзиши аслии асари адабиёту санъат ва ҳунару завқи эҷодкор мушаххас мешавад. Ба назари мо, дар давраи муосир равиши фалсафии маърифати адабиёт, умуман, назму насри муосир, хусусан, аз пажӯҳишҳои Х. Шарифзода оғоз мешавад.

Дар шаклгирӣ ва такмили ҳунари адабпажӯҳии Худоӣ Шарифзода омилҳои таъсиргузор зиёданд: шавқи зиёд ба мутолиа, илмомӯзӣ аз устодони варзидаи донишгоҳӣ, фарогирии дониш бо такя ба худомӯзиҳои мустақилона, устуворӣ дар ақида, коромӯзиҳо дар доираи такмили ихтисос ва фурсатҳои мутолиотӣ, ки дар бонуфузтарин марказҳои илмии донишгоҳӣ ва академии шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Боку баргузор шудаанд.

Инчунин, ошноӣ бо афкори адабии русӣ ва аз он роҳ аврупоӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ, ки натиҷаи он “шинохтани системаи адабиёт дар асоси маводи адабӣ” гардидааст, мутолиа ва таҳқиқи пайгирона ва, ниҳоят, таҷрибаи рӯзгор. Чунин омилҳо дар якҷоягӣ ва бо иловаи корномаи адабпажӯҳӣ симои профессор Х. Шарифзодаро ҳамчун шахсияти миллӣ ба намоиш мегузоранд.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG