Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар заминларзаи Афғонистон 155 кӯдак ҷон бохтаанд


Пактико баъди заминларза, 25-уми июни 2022
Пактико баъди заминларза, 25-уми июни 2022

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 26-уми июн гуфт, дар заминларзаи ҳафтаи гузашта дар Афғонистон "дастикам 155 кӯдак ҷон бохтанд".

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса дар наздикии сарҳади Покистон "250 кӯдак маҷруҳ шуда, 65 кӯдак ятим ё танҳо монданд".

Бунёди атфоли СММ рӯзи 27-уми июн гуфт, барои дубора ба ҳам овардани кӯдаконе талош дорад, ки дар пайи заминларза аз хонаводаҳояшон ҷудо шуда буданд.

Заминларзаи 6,1-дараҷаӣ рӯзи 22-юми июн вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистонро ларзонд. Ҳукумати Толибон шумораи умумии қурбониёни заминларзаро 1150 нафар шумурдааст.

Ин ҳодиса барои ҳукумати Толибон, ки дар натиҷаи сиёсати сахтгиронаи исломгароёнааш нисбат ба занон ва духтарон дар инзиво қарор гирифтааст, чолишбарангез шуд.

Мақомоти тандурустии Толибон рӯзи 26-уми июн гуфтанд, ҳазорон нафар "ба хӯроку оби ошомиданӣ сахт эҳтиёҷ доранд". Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, ба сокинони зарардида беморӣ таҳдид мекунад, "чун ҷойи муносибе барои зист надоранд."

XS
SM
MD
LG