Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбарони G7 рақобат бо Чин ва ёрӣ ба Украинаро баррасӣ мекунанд


Сарони "Ҳафтгонаи бузург" дар Олмон. 26-уми июни 2022

Роҳбарони "Ҳафтгонаи бузург" (G7)-ро буҳрони сартосарӣ ва уфти рушди иқтисод нигарон кардааст. Дар ин бора садри аъзами Олмон Олаф Шолтс баъди нишасти саммити G7 изҳори назар кард.

Кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург" тасмим доранд, то соли 2027 барои рушди зерсохтори кушварҳои дар ҳоли тавсеа 600 миллиард доллар равона кунанд. Ин тасмим дар доираи ташаббуси рақобат бо тарҳи чандтриллионии Чин "Як камарбанд, як роҳ" гирифта шудааст. ИМА дар доираи ташаббуси тарҳи мазкур 200 миллиард доллар ҷудо мекунад.

Маблағгузорӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд дар самтҳое монанди иқлим ва амнияти энержӣ, алоқаи рақамӣ, тандурустӣ ва баробарии ҷинсӣ равона мешавад.

Ба илова, Шолтс ва Ҷо Байден, президенти ИМА дар мулоқоти як ба як барои идомаи кӯмаки низомӣ ба Украина ба созиш расиданд. Расонаҳо менависанд, дар эъломияи "Ҳафтгонаи бузург" омадааст, роҳбари ҳафтгона ба Украина то ҳадде, ки лозим аст, кӯмаки низомӣ, башарӣ, дипломатӣ мерасонанд.

Саммити G7 рӯзҳои 26-28 июн дар қасри Элмауи Алпи Бавария баргузор мешавад. Ба G7 Бритониё, Олмон, Италия, Канада, Фаронса, Ҷопон ва ИМА шомил ҳастанд. Соли ҷорӣ ба саммит намояндагони Индонезия ва Ҳинд даъват шудаанд.

XS
SM
MD
LG