Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали қазоқро бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир кардаанд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар Қазоқистон сардори собиқи Хадамоти марзбонӣ генерал Дархон Дилманов ва чанде аз зердастони собиқашро бо иттиҳоми фасоду ришвахорӣ дастгир кардаанд.

Кумитаи Амнияти Миллӣ рӯзи 22-уми июн гуфт, боздошт бар асоси парвандаи сӯистифода аз мақом ҳангоми назорати воридоти молу коло аз марзи Қазоқистону Чин сурат гирифтааст. Дархон Дилмановро, ки муовини раиси Кумитаи Амнияти Миллӣ буд, моҳи апрели имсол аз мақомаш барканор карданд.

Чанд рӯз пештар аз ин Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, як ширкати боркашӣ, ки хоҳари раиси ҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев яке аз муассисонаш аст, ҳангоми интиқоли мол аз марзи Қазоқистону Чин “чандин ҷиноят” содир кардааст. Кумитаи Мубориза Бо Фасодкорӣ ҳам дар он замон гуфт, ки Эрбол Назарбоев, яке аз ҷиянҳои раиси ҷумҳури собиқро ҳам аз мақомаш барканор кардаанд.

Баъди тазоҳуроти маргбор дар моҳи январи имсол дар Қазоқистон, раиси ҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев аз президенти пешин Назарбоев ва атрофиёни ӯ фосила гирифт. Назарбоев соли 2019 аз мақомаш канор рафт ва Тоқаевро ҷойгузини хеш баргузид.

XS
SM
MD
LG