Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доллар ба поин, рубл ба боло. Дар Тоҷикистон ба пули русиву амрикоӣ чӣ шуд? ВИДЕО


Қурбномаи як бонк аз рӯзи 23-уми июн.

Қурби доллар дар Тоҷикистон дар баробари сомонӣ ба таври чашмрас поён меравад ва баръакс арзиши рубли русӣ ҳамчунон ба боло ҳаракат мекунад. Рӯзи 23-уми июн дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон 100 долларро бо 1000 сомонӣ иваз мекарданд.

Як моҳ қабл 100 доллар ба 1210 сомонӣ баробар буд. Қурби 1000 рубли русӣ бошад аз 160 сомонии оғози моҳи май ба 177 сомонӣ расида аст. Бархе коршиносон мегӯянд, вазъи феълӣ муваққатӣ аст, вале гуруҳи дигар мегӯянд, то коҳиши таҳримҳо алайҳи Русия вазъ ҳамингуна боқӣ мемонад.

“Таҳримҳо талабот ба долларро кам кард”

Тағйирот дар таблои бонкҳои Тоҷикистон бархилофи он чизе буд, ки коршиносон пешбинӣ мекарданд. Баъди ҳамлаи Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, пешбинӣ мешуд, ки қурби рубл поён ва арзиши доллар боло меравад. Дар ҳафтаи аввали ҷанг ин чиз сурат гирифт, аммо баъдан ҳама чиз ба ҷойи худ баргашт.

Таҳлилгарони тоҷик чанд омилро боиси пеш омадани чунин вазъ медонанд. Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, қаблан ширкатҳои бузург маҳсулоти ниёзи худро аз Русия бо доллар ё евро мехариданд ва аз ин сабаб ба ин асъор эҳтиёҷ зиёд буд.

Қурби доллар поин шуд, нарх дар бозорҳои Душанбе тағйир наёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Вале ба гуфтаи Фатҳуллоев, баъди ҷорӣ шудани таҳримҳо Русия аз ҳамкорӣ бо ширкатҳои ғарбӣ даст кашид ва ба ин хотир талабот ба доллар якбора кам шуд. “Таҳримҳои Амрико ва давлатҳои Аврупо нисбати Русия, дар бозори ҷаҳонӣ як занҷири дедолизатсияро ба вуҷуд овард.”

Сабаби дигари болоравии чашмраси қурби рубл ба гуфтаи Фозилҷон Фатҳуллоев, коҳиши воридоти маҳсулот ба Русия аст.

Ба таъкиди ин таҳлилгар, дар се моҳи ахир аз ҳисоби содирот асъори хориҷӣ ба Русия ворид шуд, вале бо сабаби таҳримҳо Русия наметавонад, аз берун маҳсулот оварда, ин маблағро харҷ кунад. Ба ин хотир Фозилҷон Фатҳуллоев бовар дорад, ки танҳо баъди коҳиши таҳримҳо алайҳи Русия, талабот ба доллар дубора зиёд шуда, қурби он боло меравад.

Коршинос: вазъ муваққатӣ аст

Соли 2014 баъди ғасби нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия, кишварҳои Ғарб алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карда буданд. Дар он сол қурби рубл як баробар паст шуд ва чунин вазъ чанд сол давом кард. Баъди ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол, коршиносон такрори вазъи соли 2014-ро пешбинӣ карданд.

Баҳром Шарифов, корманди пешини бонк ва доктори илми иқтисод, мегӯяд, чанд иқдоми Русия боис шуд, ки вазъият аз соли 2014 фарқ кунад. Аз ҷумла фурӯши нефту газ бо рубл, маҳдудият дар интиқоли маблағ ба хориҷ аз Русия ва қатъи дастрасии калонтарин бонкҳои Русия аз системаи SWIFT, ки фиристодани маблағ ба берунро маҳдуд мекунад.

Ба назари Баҳром Шарипов, ҳамаи ин омилҳо ба он оварда расонд ки қурби русӣ баланд шуда, арзиши евро ва доллар дар Русия ва кишварҳои ҳампаймони ӯ паст шавад. Вале ин таҳлилгари тоҷик таъкид мекунад, “ин бисёр давом дода наметавонад. Чунки аз ҳад баланд шудани рубл ба иқтисодиёти Русия таъсири манфӣ мерасонад.”

Чаро қурби доллар паст шуд, аммо нархҳо не?

Дар Тоҷикистон ҳамеша ба болову пойин шудани қурби доллар таваҷҷуҳ доранд. Чун ҳар бор баъди боло рафтани қурби доллар нархҳо низ дар бозор боло мераванд. Аммо сокинон мегӯянд, баъди пойин шудани арзиши доллар, нархҳо пойин наомад.

Меҳрӣ Носирова, як сокини Душанбе мегӯяд, “доллар боло меравад – нархҳо низ. Доллар поён меравад – нархҳо не. Мардуми мо то 5-6 кӯдак доранд, намедонам онҳо чӣ гуна ба сар мебаранд? Ин фоҷеабор аст. Бояд мақомот ин мушкилиро зери назорат гиранд. Намедонам, шояд онҳо дар дунёи дигар зиндагӣ мекунанд.”

Фурӯшандаҳо ба ин шикоят розӣ нестанд. Қаноат, як тоҷир дар Душанбе мегӯяд, рӯзҳои ахир нархи чанд маҳсулот аз ҷумла шакар, ҳасиб ва панир поён рафтааст. Аз ҷумла нархи як килограм шакар аз 15 сомонӣ то 11 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Аммо нархи дигар маҳсулоти ниёз аввал аз ҷумла орд ва равған пойин наомадааст.

Вале фақат нархи бозор нест, ки мавзӯи қурби долларро дар Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ кардааст. Иқтисоддони тоҷик Баҳром Шарипов мегӯяд, тағйирёбии босуръат дар бозори асъор барои Тоҷикистон хатар дорад.

“Ҳама дар таҳлука, ки доллару евро чӣ мешавад. Ин ба хатарҳои молиявӣ метавонад оварда расонад. Агар одамон тарсанд ки пасандози гузоштаашон бо доллар беқадр мешад гирифтани пасандозҳо аз бонкҳо зиёд шуданаш мумкин. Ҳукумат роҳҳоеро дида истодааст ки ҳамин хавфҳо кам шавад.”

“Ҳозир манфиатҳои сиёсӣ аст, на иқтисодӣ”

Ояндаи қурби доллар ва рубл норӯшан боқӣ мемонад. Вале масъулини бархе бонкҳои Тоҷикистон дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, тағйирот дар бозори асъори кишвар ба вазъи Русия вобаста аст. Яъне агар онҷо доллар арзон шуд, дар Тоҷикистон ҳам қурб паст мешавад. Аммо умедҳо ба беҳтар шудани вазъият боқист.

“Пешбинии коршиносон ин аст, ки то охири сол вазъият муътадил шавад ва қурби доллар боло меравад. Аз нуқтаи назари манфиатҳои иқтисодӣ қурби рубли русӣ бояд камтар паст шавад. Ҳозир бештар манфиатҳои сиёсӣ роҳандозӣ шудааст аз тарафи ҳукумати Русия. Барои ҳамин ин чиз ба шарикон таъсир расонд,”- афзуд Баҳром Шарипов.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG