Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди омадани Толибон афсурдагӣ дар байни ҷавонони афғон зиёд шудааст. ВИДЕО


Дар ин шифохона теъдоди беморон ба маротиб зиёдтар шудааст.

Дар Афғонистон, ки бо бозгашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли гузашта мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиаш зиёд шуд, мушкили дигаре ба зиндагии ҷавонон зам шудааст. Он ҳам бемориҳои равонӣ ва аз ҷумла изтиробу афсурдагӣ, ки дар байни қишри ҷавон бисёр зиёд шудааст.

Фаридун Раҳбар ҷавони 23-солаи афғон: “Мо вақте намефаҳмем, ки кадом тараф равон ҳастем, гум мешавем. Гум мешавем, яъне чӣ? Афсурда мешавем, изтироб мегирем, дучори духониёт, ё нашъамандӣ мешавем.”

Худи Фаридун Раҳбар ба қавли худаш "гум" шудааст. Ним сол боз гирифтори афсурдагӣ аст ва рӯзашро бо китобхонӣ сипарӣ мекунад ва ба сахтӣ аз утоқаш берун меояд. Донишгоҳи Балхро бо ихтисоси иртиботот ва сиёсатгузории умумӣ хатм кардааст ва умедвор буд, дар ниҳоди ҳукуматие кор меёбад. Бозгашти Толибон ба Афғонистон умедҳояшро барбод додааст.

Толибони афғон "афсурдагӣ" овардаанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Ӯ аз умедҳои ҷавонони афғон мегӯяд: “Лангон-лангон тарафи ояндаи беҳтар қадам мебардоштанд, кор, таҳсил, ҷомеаи баробар, ҷомеаи инсонитару демкоратик, вале ҳамин ки лангон лангон шуруъ ба ҳаракат карданд, пояшон қатъ шуд. Умедашон қатъ шуд. Чӣ гуна мо шикасти руҳӣ хурдем, тамоми ҷавононе, ки синни мо ҳастанд. “

Барои ҷавононе мисли Родфар зиндагӣ дар аҳди Толибон, ки 20 сол баъд ба ҳукумат баргаштанд ва қонуну қоидаҳои иртиҷоиву доранд, сахт аст. Мушкилоти иқтисодӣ ва номаълумӣ ҷавононро афсурдаву гирифтори бемориҳои руҳӣ кардааст. Шифохонаи бемориҳои руҳии Балх шоҳиди ин гуфта аст. Ҳафизулло Муҳибӣ, мудири шифохонаи бемориҳои равонии вилояти Балх: “Феълан мушкилоти равонӣ сатҳи нисбатан болотар дорад ва муроҷеони мо зиёдтар аст. Қаблан мо дар бахши оҷилӣ, аз 30 то 40 муроҷеъ доштем, вале ҳоло дар 24 соат аз 130 то 140 нафар ба мо муроҷиат мекунанд.”

Афсурдагиву изтироб дар байни ҷавонони афғон фарогиру зиёд шудааст. Табибон мегӯянд, ноумедӣ аз вазъи феълӣ дар Афғонистон ҷавононро ба ин ҳол афкандааст.

Ҳорун Некзод, табиби Шифохонаи бемориҳои равонии Балх “Бекорӣ, ноамнӣ, ҳамаи инҳо нақш доранд, ки метавонад, мариз дучори мушкилоти равонӣ ва бахусус афсурдагӣ шавад. Аксаран маризоне, ки ба мо муроҷиат мекунанд, ҷавонон ҳастанд, ки аз бекорӣ, аз амнияти хароб ранҷ мебарад ва рафта-рафта дучори бемориҳои равонӣ мешаванд.”

Ҳоли баъзе аз беморон то ҳадде бад аст, ки барои пешгирӣ аз зӯроварӣ ва осеб нарасонидан ба худу дигарон онҳоро занҷирбанд мекунанд. Аммо теъдоди зиёди ҷавонон бе занҷир ҳам худро дар Афғонистони зери дасти Толибон занҷирбанд эҳсос мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG