Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев тағйири Конститутсияи Узбекистонро "тақозои замон" номид


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи он кишвар раъйпурсии умумимиллӣ баргузор карда шавад.

"Фикр мекунам, ки агар мо бо такя ба раъй ва дастгирии шаҳрвандони худ ислоҳоти конститутсионӣ анҷом диҳем, ин иродаи халқи мо - Конститутсияи воқеии мардумӣ хоҳад буд", - гуфт президент дар мулоқот бо аъзои комиссия оид ба ташкили пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Узбекистон.

Мирзиёев афзуд, ки тағйири Конститутсияи Узбекистон ба далели "замони хатарноки кунунӣ ва вазъияти душвор" сурат мегирад. Аммо раисиҷумҳури Узбекистон мушаххасан нагуфт, ки ӯ чиро дар назар дорад.

Қаблан муовини раиси Сенати Узбекистон Содиқ Сафоев дар суҳбат бо “Kun.uz” тасдиқ карда буд, ки тағйирот ба Конститутсияи он кишвар давраҳои қаблии президентии раисҷумҳури кунунӣ Шавкат Мирзиёевро ба “сифр” баробар мекунад.

“Агар Конститутсияи нав қабул шавад, он ба ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла президенти кунунии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иҷозат медиҳад, то бар асоси он дар интихобот иштирок кунад. Президент аз ин имконият ва ҳақ истифода мебарад, ё не, аз шахсияти ӯ ва ҳизбе вобастааст, ки номзадиашро пешбарӣ мекунад. Ин ҳаққи ӯст”, - изҳор доштааст Сафоев.

Шавкат Мирзиёв пас аз фавти Ислом Каримов дар соли 2016 ба қудрат расид.

XS
SM
MD
LG