Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари пешини амниятро дар боздоштгоҳи Душанбе "ёфтанд"


Муҳаммади Султон, ки 25 сол дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият доштааст, дар солҳои 70-ум дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор кардааст.
Муҳаммади Султон, ки 25 сол дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият доштааст, дар солҳои 70-ум дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор кардааст.

Пайвандони Мамадсултон Мавлоназаров, (Муҳаммади Султон) полковники пешини амният ва рӯзноманигори собиқ, мегӯянд, баъди се рӯзи бурда шуданаш ӯро дар боздоштгоҳи Раёсати корҳои дохилии Душанбе пайдо кардаанд.

Ба қавли хешовандонаш, Мамадсултон Мавлоназаров ба “тундгароӣ” айбдор дониста шудааст, ҳарчанд намедонанд, ки ӯ бар тибқи кадом моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад. Идораи милисаи Душанбе ва додситонӣ дар робита ба ҷойи нигоҳдорӣ ва айбнома изҳори назар накардаанд.

Яке аз пайвандони Мамадсултон Мавлоназарови 72-сола рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз талошҳои зиёд маълум кардаанд, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати корҳои дохилӣ нигаҳ дошта мешавад. Ҳамсуҳбати мо гуфт, рӯзи якшанбе ду маротиба ба ӯ ғизову либос бурдаанд, вале иҷозаи мулоқот нагирифтаанд ва маълум нест, ки ӯ вакили дифоъ дорад, ё не.

Мақомоти интизомии Душанбе Мамадсултон Мавлоназаровро рӯзи 16-уми июн аз хонааш бурдаанд ва ба иддаои хешовандонаш, ба ӯ "ҳатто имкон надоданд, ки пойафзолашро бипӯшад."

Муҳаммади Султон, ки 25 сол дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият доштааст, дар солҳои 70-ум дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор кардааст. Ӯ ду се соли ахир дар саҳифааш дар Фейсбук фаъолияти мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи амнияти миллӣ ва раҳбарони онро танқид мекард.

Афсари бознишаста дар яке аз навиштаҳои охираш, дар Фейсбук нигоштааст: "Тамоми қонунҳои хуқуқи инсонро зери по карда, хадамоти академик С. Ятимов таъқиби рӯйиросту ғайрисудиро, ки яқин солҳои пурдаҳшати 37-ум ва Берияро хотиррасон менамоянд, "қаҳрамонона" идома медиҳад."

Муҳаммади Султон чанде пеш дар саҳифааш дар Фейсбук навишта буд, ки маъмурони интизомӣ моҳи апрели имсол кӯшиш кардаанд, ӯро аз хонааш дар маҳаллаи 101-уми Душанбе маҷбурӣ ба бозпурсӣ баранд ва хонаашро ҷустуҷу ҳам кардаанд.

Мақомот дар бораи навиштаҳои пешинаи ӯ ва сабаби боздошташ чизе нагуфтаанд ва рӯшан нест, ӯро барои танқидҳояш аз Саймуъмин Ятимов дастгир кардаанд ва ё навиштаҳояш дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон ё масоили дигар.

XS
SM
MD
LG