Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози Теҳрон-Душанбе, аввалин баъди мувофиқаҳои мақомоти Тоҷикистону Эрон


Фурудгоҳи Имом Хумайнии Теҳрон
Фурудгоҳи Имом Хумайнии Теҳрон

Қарор аст шоми 19-уми июн нахустин парвози ҳавопаймои миёни Теҳрон ва Душанбе аз сар гирифта шавад. Дар намояндагии ширкати ҳавоии Varish Air ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳавопаймо аз Теҳрон ба Душанбе соати 21:30 расида, соати 23:00 ба Теҳрон парвоз мекунад. Ин нахустин парвози ширкати Varish Air баъди бекор шудани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус хоҳад буд.

Ба иттилои манбаъ, барои нахустин парвоз ба ду самт зиёда аз 50 дарсади билетҳо фурӯхта шудааст. Тасмими азсаргирии парвозҳо миёни ду кишвар дар ҷараёни сафари ахири президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон гирифта шуд. Ҷониби Тоҷикистон низ бояд дар миёни пойтахтҳои ду кишвар парвозҳо анҷом дихад, вале то ҳол дар бораи тасмими ҷониби Тоҷикистон иттилое нашр намешавад.

Дар як ширкати билетфурӯшии Душанбе бо тасдиқи хабари шурӯи парвози ҳавопаймоҳо миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Эрон гуфтанд, ки ин самт чандон серхаридор нест. "Аз мо бештар ба Русия билет мехаранд. Хориҷиҳо ҳам барои сафар ба хориҷа бештар Истамбулу Дубайро интихоб мекунанд", гуфт як ходими ширкати билетфурӯшӣ.

XS
SM
MD
LG