Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иззат Амон аз идомаи баҳси додгоҳӣ даст кашид


Иззат Амон

Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирон, дар суҳбат ба вакили мудофеъ ва пайвандонаш гуфтааст, дигар аз болои ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон шикоят намебарад, зеро "ба адолати додгоҳӣ дар кишвар бовар надорад".

Интизор мерафт, ӯ бозбинии ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанберо талаб кунад.

Ин додгоҳ рӯзи 6-уми июн Иззат Амони 48-соларо бо гуноҳи қаллобӣ ба шаш соли дигари ҳабс маҳкум кард ва муҳлати умумии ҳабси ӯро ба 15 сол расонд.

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 17-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш ба мурофиа бар асоси қонунгузории кишвар омодагӣ дид ва талаботи моддаҳои кодексро иҷро намуд, “аммо додрас ҳамаи инро ба эътибор нагирифт.”

“Падарам пас аз эълони ҳукм гуфт, додрас аризаи даъвогаронро ҳам ба назар нагирифт,” – афзуд ӯ.

Ҳукми дувуми Иззат Амон дар ҳузури вакили мудофеъ, пайвандон ва даъвогарон дар оғози моҳи июн эълон шуд. Маҳмадюсуф Холов гуфт, он рӯз омода буданд, пули даъвогаронро дар ҳузури додрасу додситонӣ пардозанд, “вале бе ягон пурсишу посух ҳукмро хонданду рафтанд.”

Худи Иззат Амон ба вакили мудофеъ ва ба пайвандонаш гуфтааст, ҳукми 6 соли дигари зиндон аз ҷониби Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ва шеваи кори додрас “ӯро ноумед кардааст”.

Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, аз бархӯрди додрас ва ҳукми додгоҳ розӣ нестанд, вале идомаи муборизаро беҳуда медонанад.

Қаблан Додгоҳи олии Тоҷикистон дархости онҳоро барои бозбинии ҳукми аввалааш рад карда буд.

Вай гуфт, дар мулоқот бо вакили мудофеъ тасмим гирифтаанд, ки бо ин ҳол дигар аризаи шикоятӣ наменависанд ва ба Додгоҳи олӣ низ эътимод надоранд, ки одилона ва мунсифона қазияро баррасӣ кунад.

Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.

Тарафдорони ҳуқуқдон ва ҳомии пешини муҳоҷирон бовар доранд, ки боздошту ҳабс ва иттиҳомҳои нав ба зидди Иззат Амон дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад. Ӯ дар баробари кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва баъзан аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид мегирифт.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG