Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнагунии чархболи Толибон дар Панҷшер. Зарбаи Ҷабҳа ё садамаи фаннӣ?


Машқи тарафдорони Аҳмади Масъуд дар Панҷшер.
Машқи тарафдорони Аҳмади Масъуд дар Панҷшер.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, як чархболи ҳукумати Толибонро дар дараи Панҷшер сарнагун кардааст. Толибон инро рад мекунанд. Иддаои тарафҳо аз сӯи манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст.

Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, дар Фейсбук навишт, ки нерӯҳои онҳо баъд аз зӯҳри 16-уми июн як чархболи навъи МИ-17-и ҳукумати Толибонро дар дараи Орзуи ноҳияи Шутули вилояти Панҷшер сарнагун карданд.

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат ҳамчунин гуфтааст, 4 сарнишини ин чархболро асир гирифтанд. "Асирон дар вазъияти хубанд ва бо онҳо тибқи таълимоти исломӣ ва инсонӣ рафтори хуб мешавад", -- навиштааст ӯ дар идома.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи Толибон ҳам тасдиқ кардааст, ки чархболи онҳо дар вилояти Панҷшер бо "мушкили техникӣ" рӯбарӯ шуд. Аммо онҳо гуфтаанд, пас аз бартараф шудани ин мушкил, чархбол ба ҳаракати худ идома дод.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, шаби гузашта дар як паём ба Радиои Озодӣ гуфт, чархбол ба хотири "мушкили техникӣ" фуруд омада буд ва баъдан дубора минтақаро тарк кард. Ба гуфтаи сухангӯи ҳукумати Толибон, дар ин ҳодиса ба сарнишинони чархбол осебе нарасидааст.

Як манбаи боварибахш дар ҳукумати Толибон ба рӯзномаи афғонистонии "8-и субҳ" гуфтааст, чархбол бо ҳафт сарнишин дар дараи Орзуи ноҳияи Шутули Панҷшер сарнагун шудааст ва Толибон барои наҷоти онҳо ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.

Манбаъҳои мустақил ин иддаои ҷонибҳоро то кунун тасдиқ накардаанд. Панҷшер аз чанд моҳ ба ин тараф дар муҳосира қарор дорад ва даст ёфтан ба маълумоти дақиқ мушкил аст.

Бо оғози фасли гармо даргириҳо дар қисматҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Панҷшер, Бағлон, Кописо ва Тахор афзоиш ёфтааст. Нерӯи асосии зидди Толибонро дар Афғонистон нерӯҳои таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд ташкил медиҳанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз сарнагунии ҳукумати президенти фирорӣ Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли гузашта, таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, таъсис ёфт.

XS
SM
MD
LG