Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаҳои мунтахаби олимпии Арабистони Саудӣ ва Узбекистон ба финали Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд


Варзишгоҳи "Бунёдкор"-и Тошканд.
Варзишгоҳи "Бунёдкор"-и Тошканд.

Дастаҳои мунтахаби олимпии футболи Арабистони Саудӣ ва Узбекистон дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 миёни бозигарони то 23-сола, ки рӯзи якшанбеи 19-уми июн дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд баргузор мешавад, рақобат мекунанд.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқа мунтахаби Арабистони Саудӣ ба дастаи Австралия ва мунтахаби Узбекистон ба тими Ҷопон бо ҳисоби якхелаи 2:0 пирӯз шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23), ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи D дар шаҳри Тошканд ҳарсе бозиашро ба Арабистони Саудӣ (0:5), Имороти Муттаҳидаи Араб (0:2) ва Ҷопон (0:3) бохт, бидуни имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал ҷойгир шуд. Футболбозони ҷавони тоҷик дар се бозӣ натавонистанд гол зананд ва аз дарвозаи худ аз ҳама бештар 10 гол - сар доданд.

Тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Ҷопон 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо тими Арабистони Саудӣ дар ҷадвали гурӯҳи D мақоми аввалро соҳиб шуд, дастаи Ҷопон ҷои дувумро азони худ кард. Ҳарду даста ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб бо се имтиёз дар ҷои севум қарор гирифт. Дастаҳои Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон аз ҳаққи иштирок дар даври чорякниҳоии мусобиқа маҳрум гаштанд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Узбекистон то рӯзи 19-уми июн идома меёбад, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуда буд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф муборизаро дар чорякфинал идома доданд. Баъдан чаҳор даста ба нимфинал роҳ пайдо кард. Ду дастаи ғолиб ба финал баромад.

Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби то 23-сола

1/4 финал

Узбекистон - Ироқ – 2:2 – аз рӯи пеналти 3:2

Австралия Туркманистон – 1:0

Кореяи Ҷанубӣ Ҷопон – 0:3

Арабистони Саудӣ Ветнам – 2:0

1/2 финал

Узбекистон – Ҷопон – 2:0

Арабистони Саудӣ – Австралия – 2:0

Финал

19-уми июн (якшанбе)

Узбекистон – Арабистони Саудӣ

Соати 18:00. Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор».

XS
SM
MD
LG