Як таҳқиқ нишон додааст, ки Русия дар 100 рӯзи аввали ҷангаш дар Украина аз содироти маводи нафтӣ 93 миллиард евро ё 96,8 миллиард доллар фоида ба даст овард.
Маркази таҳқиқоти энергетикӣ ва ҳавои тоза (CREA) рӯзи 13-уми июн дар гузорише гуфт, Иттиҳоди Аврупо дар ин давра 61 дарсади маводи содиротии Русияро харид.
Ин созмони мустақил дар Финландия гузориши худро дар ҳоле нашр кард, ки Киев аз Ғарб мехоҳад, ҳама гуна додугирифтро бо Русия бас кунад.
Иттиҳоди Аврупо моҳи майи имсол розӣ шуд, воридоти нафти Русияро аз се ду ҳисса коҳиш диҳад.
Бо вуҷуди ин, ба қавли гузоришгарон, болоравии нархи нафт дар ҷаҳон ба маънои пур шудани хазинаи Кремлин аст.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бедалел ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг, ки Маскав амалиёти низомӣ ва Киев таҷовуз меномад, аз ду тараф ҳазорҳо кас куштаву захмӣ шуда, миллионҳо сокини Украина беҷову паноҳанда шудаанд.