Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии Тоҷикистон бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, новобаста аз натиҷаи бозии даври севум ва охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "F", ки 14-уми июн дар Бишкек муқобили тими миллии Қирғизистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфтааст. Марҳилаи ниҳоии бозӣ аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бояд дар Чин оғоз меёфт, вале дертар Пекин аз гузаронидани мусобиқа даст кашид. Дар куҷо баргузор шудани марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми октябри имсол дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё маълум хоҳад шуд.

Бозӣ миёни тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон шоми 14-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек соати 21:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 20:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Пеш аз ин бозӣ дар ин варзишгоҳ соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ (соати 15:30 бо вақти Душанбе) дастаҳои мунтахаби Сингапур ва Мянмар ба рақобат мепардозанд.

Бозиҳои даври охирин дар ин гурӯҳ чандон арзиши муҳим надоранд, зеро дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 6-имтиёзӣ гирифтаанд, амалан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо кардаанд. Аммо ҳарду даста барои дар гурӯҳ ғолиб шудан талош меварзанд. Мунтахаби Тоҷикистонро дар ин бозӣ натиҷаи мусовӣ ҳам қаноатманд мекунад.

Бозиҳои даври севум ва охирин дар панҷ гурӯҳи дигари марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 имрӯз, 14-уми июн, баргузор мешаванд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шаш ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дувум қарор мегиранд, роҳ пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки қаблан тимҳои миллии Эрон, Ҷумҳурии Корея, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Умон, Ветнам, Чин ва Қатар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Мянмар – 4:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 9 (1:0), МанучеҳрҶалилов, 55 – аз пеналти (2:0), Шервонӣ Мабатшоев, 57 (3:0), Эҳсони Панҷшанбе, 84 (4:0)

Қирғизистон – Сингапур – 2:1

Голҳо: Сон Уй-Янг, 55 (0:1). Валерий Кичин, 77 – аз пеналти (1:1). Виктор Майер, 80 (2:1).

Даври 2-юм

Сингапур – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Шервонӣ Мабатшоев, 53 (0:1)

Мянмар – Қирғизистон – 0:2

Голҳо: Виктор Майер, 25 (0:1), Виктор Майер, 45+1 (0:2),

Даври 3-юм

14-уми июн (сешанбе)

Мянмар – Сингапур, 15:30

Қирғизистон – Тоҷикистон, 20:00

Гурӯҳи «А»

Урдун - Кувайт, 21:15

Индонезия - Непал, 00:15

Гурӯҳи «В»

Фаластин - Филиппин, 9:30

Яман - Муғулистон, 14:00

Гурӯҳи «С»

Ҷазираҳои Молдив - Шри-Ланка, 17:00

Узбекистон - Тайланд, 20:30

Гурӯҳи «D»

Афғонистон - Камбоҷа, 16:30

Ҳиндустон - Ҳонконг, 20:00

Гурӯҳи «Е»

Баҳрайн - Туркманистон, 14:15

Малайзия - Бангладеш, 16:00

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG