Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Русия ба Харков бомбаҳои хушаӣ партофтааст


Харков, акс аз моҳи апрели 2022
Харков, акс аз моҳи апрели 2022

Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал рӯзи 13-уми июн дар гузорише гуфт, садҳо ғайринизомӣ дар натиҷаи партоби бомбаҳои хушаӣ ва мушакҳои идоранашавандаи Русия дар Харков кушта шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, тирборони такрории маҳаллаҳои истиқоматӣ дар Харков бетартибона аст ва аз ин рӯ, мешавад, онро ҷинояти ҷангӣ номид.

Созмон иддао карда, ки дар бораи истифодаи батакрори бомбаҳои хушаӣ ва минаҳои зидди пиёдагардон аз ҷониби Русия далелҳои раднашаванда дорад.

Истифодаи ингуна аслиҳа дар конвенсияҳои байнулмилалӣ манъ карда шудааст. Русия иддаои истифодаи аслиҳаи мамнуъро рад мекунад.

Минтақаҳои аҳолинишини Харков аз рӯзҳои аввали ҳамлаҳои Русия ба Украина мавриди бомбаборон қарор доштанд ва зарбаҳои пайиҳами артиши Русия ба шаҳре, ки якуним миллион аҳолӣ дорад, зарари калон расондааст.

Мувофиқи маълумоти маъмурияти ҳарбӣ-мадании Харков дар ҷангҳои Украина беш беш аз 600 сокини ин минтақа ҷон бохта, 1248 нафар захмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG