Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

SIPRI навсозии кӯлоҳакҳои атомиро "ташвишовар" хонд


Бар асоси гузориши нави SIPRI ё Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти масоили сулҳи Стокҳолм, 9 кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ, аз ҷумла Амрико ва Русия, эҳтимол захираҳои силоҳҳои худро навсозӣ мекунанд. Гузориш 13-уми июн нашр шуд.

SIPRI таъкид кардааст, ки бо вуҷуди коҳиши ночизи кӯлоҳакҳои ҳастаӣ дар соли гузашта, интизор меравад, он дар соли оянда рушди "нигаронкунанда" дошта бошад.

Кишварҳое, ки дорои силоҳҳои ҳастаӣ буда, дар пайи модернсозии он ҳастанд ва SIPRI онро "нигаронкунанда" хондааст, Амрико, Русия, Бритониё, Фаронса, Чин, Ҳинд, Покистон, Исроил ва Кореяи Шимолӣ мебошанд.

Бар асоси гузориши SIPRI, кишварҳои ҳастаӣ дар ибтидои соли 2022 дар умум дорои 12 ҳазору 705 кӯлоҳаки атомӣ буданд, ки аз ин шумора ҳудуди 9 ҳазору 440 кӯлоҳак барои истифода дар анборҳои низомӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Инчунин аз тақрибан 3 ҳазору 732 кӯлоҳаке, ки рӯи мушакҳо ва ҳавопаймоҳо ҷобаҷо шудааст, ҳудуди 2 ҳазор кӯлоҳак дар ҳолати "омодабош" ҳастанд, ки тақрибан ҳамаи ин шумора ба Русия ва Амрико тааллуқ доранд.

Маҷмӯи умумии кӯлоҳакҳои Амрико ва Русия дар соли 2021 коҳиш ёфтаанд. SIPRI мегӯяд, ин кор асосан ба сабаби аз байн бурдани кӯлоҳакҳое аст, ки дар солҳои гузашта "бознишаста" шуда буданд.

Бар асоси баровардаҳои SIPRI, ин ду қудрати ҳастаӣ дар маҷмӯъ 90 дарсади силоҳҳои ҳастаии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд.

Ҳафт кишвари дигари дорои силоҳҳои ҳастаӣ ҳам ё дар ҳоли рушд ва ҷобаҷо кардани системаи таслиҳотии нав ҳастанд ва ё эълон кардаанд, ки нияти анҷом додани ин корро доранд, ба вижа Чин.

Ин гузориш мегӯяд, ду ҳамсояи рақиби ҳастаӣ дар минтақаи Ҷануби Осиё, яъне Покистон ва Ҳинд ҳар ду мутаносибан 165 ва 160 кӯлоҳаки ҳастаӣ доранд.

XS
SM
MD
LG