Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафаэл Гросси аз Эрон хост, ба мизи музокирот баргардад


Рафаэл Гросси
Рафаэл Гросси

Раиси Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ аз Эрон хостааст, барои эҳёи созиши ҳастаии соли 2015 дигарбора ба мизи музокирот баргардад.

Рафаэл Гросси дар мусоҳибае бо телевизиони CNN, ки рӯзи 12-уми июн пахш шуд, гуфт, "бояд вазъиятро ислоҳ кунанд ва бояд ба кори муштарак идома диҳанд."

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 2018 ва дар замони ҳукумати Доналд Трамп аз тавофуқи ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Эрон берун шуд ва алайҳи Теҳрон таҳримҳои шадид ҷорӣ кард.

Эрон ҳафтаи гузашта 27 дурбини назоратии Созмони Милали Муттаҳидро дар таъсисоти ҳастияш хомӯш кард. Ин кор баъди он сурат гирифт, ки Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ гуфт, Теҳрон барои эҳёи тавофуқи ҳафт сол пеш ҳамкорӣ намекунад.

XS
SM
MD
LG