Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби риёли Эрон дар баробари доллар ба сатҳи поинтарин расид


Қурби пули миллии Эрон дар муқобили доллари Амрико ба поинтарин сатҳ расидааст. Ин ҳодиса баъди бунбаст дар музокироти эҳёи созиши ҳастаии соли 2015 ба вуқуъ пайваст.

Бар пояи маълумоти саррофони теҳронӣ ва сомонаҳои марбут бо табодули асъори хориҷӣ дар Эрон, рӯзи 12-уми июн як доллари Амрико ба 332 ҳазор риёли эронӣ баробар шуд.

Ибтидои моҳи июн як доллар ба 318 ҳазор риёл мусовӣ буд.

Дар соли 2015, замони имзои созиши ҳастаии Эрон бо кишварҳои абарқудрати олам, қурби як доллари Амрико ба 32 ҳазор риёли эронӣ баробар будааст.

Ба навиштаи Оҷонси нимарасмии Тасним, рӯзи якшанбе раҳбарони Бонки миллии Эрон бо гурӯҳе аз саррофони бозори табодули арзи хориҷӣ роҳҳои таҳкими қурби пули эрониро баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG