Рӯзи 11-уми июн дар шаш кишвари қораи Осиё (Ҳиндустон, Кувайт, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон ва Узбекистон) бозиҳои даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол баргузор шуданд.
Дар гурӯҳи «F», ки мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад, ду бозӣ доир гардид: Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 ба Сингапур ва Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ба Мянмар ғалаба карданд.
Бозиҳои охирин дар гурӯҳи «F» 14-уми июн баргузор мешаванд. Соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ (соати 15:30 бо вақти Душанбе) дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови Бишкек Сингапур бо Мянмар бозӣ мекунад, соати 21:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 20:00 бо вақти Душанбе) бозии Қирғизистон – Тоҷикистон шуруъ мешавад.
Бояд гуфт, ки бозиҳои даври охирин дар ин гурӯҳ аҳамияти махсус надоранд. Дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 6-имтиёзӣ гирифтаанд, амалан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 барои худ мавқеъ пайдо кардаанд, вале тимҳои Сингапур ва Мянмар бидуни имтиёзанд.
Дар панҷ гурӯҳи дигари марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 вазъият чунин аст:
Дар гурӯҳи «А» мунтахаби Урдун баъди пирӯзии дувум ба дастаи Индонезия бо ҳисоби 1:0 бо 6 имтиёз амалан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ пайдо кардааст, Кувайт ва Индонезии бошанд, сеимтиёзӣ доранд. Непал бидуни имтиёз аст.
Дар гурӯҳи «В» - Фаластин ду ғалаба дорад, Филиппин - чор имтиёз, Яман - як имтиёз. Муғулистон ҳарду бозиро бохтааст.
Дар гурӯҳи «С» - ду пешсаф аст. Узбекистон ва Тайланд 6-имтиёзӣ доранд. Шри-Ланка ва Ҷазираҳои Молдив бе имтиёзанд. Дар даври дувум Шри-Ланка аз Тайланд бо ҳисоби 0:2, Ҷазираҳои Молдив аз Узбекистон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд.
Дар даври охирини марҳили интихобӣ 14-уми июн мунтахаби Узбекистон муқобили Тайланд бозӣ мекунад.
Дар гурӯҳи «D» Ҳонконг ва Ҳиндустон 6-имтиёзӣ гирифтаанд, Афғонистон ва Камбоҷа имтиёз надоранд.
Мунтахаби Туркманистон, ки ба гурӯҳи «Е» дохил аст, нахустин бозиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё ба Малайзия бохт (1:3) ва дар даври дувум тими Бангладешро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Мунтахаби Туркманистон бо се имтиёз дар ҷадвали гурӯҳ дар ҷои севум қарор дорад. Тими Малайзия низ се имтиёз гирфтааст. Дар гурӯҳи «E» мунтахаби Баҳрайн бо 6 имтиёз пешсаф аст.
Бозиҳои даври севум ва охирин дар ҳамаи шаш гурӯҳи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи сешанбе, 14-уми июн, баргузор мешаванд.
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста –шаш ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дувум қарор мегиранд, роҳ пайдо мекунанд.
Кадом дастаҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтаанд?
Бояд гуфт, ки тимҳои миллии Эрон, Ҷумҳурии Корея, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Умон, Ветнам, Чин ва Қатар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо кардаанд.
Ёдовар мешавем, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бояд дар Чин 16-уми июни соли 2023 оғоз меёфт, вале баъдтар Чин аз гузаронидани мусобиқа даст кашид. Дар бораи он ки акнун кадом кишвар мизбони марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мегардад, моҳи октябри имсол маълум хоҳад шуд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (замони бозиҳо - бо вақти Душанбе):
Гурӯҳи «А»: Урдун, Кувайт (мизбон), Индонезия, Непал
8 июн
Кувайт - Индонезия - 1:2
Урдун - Непал - 2:0
11 июн
Непал - Кувайт - 1:4
Индонезия - Урдун - 0:1
14 июн
Урдун - Кувайт, 21:15
Индонезия - Непал, 00:15
Гурӯҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон)
8 июн
Филиппин - Яман - 0:0
Фаластин - Муғулистон - 1:0
11 июн
Муғулистон - Филиппин - 0:1
Яман - Фаластин - 0:5
14 июн
Фаластин - Филиппин, 9:30
Яман - Муғулистон, 14:00
Гурӯҳи «С»: Узбекистон (мизбон), Тайланд, Ҷазираҳои Молдив, Шри-Ланка
8 июн
Тайланд – Ҷазираҳои Молдив - 3:0
Узбекистон - Шри-Ланка - 3:0
11 июн
Шри-Ланка - Тайланд - 0:2
Ҷазираҳои Молдив - Узбекистон - 0:4
14 июн
Ҷазираҳои Молдив - Шри-Ланка, 17:00
Узбекистон - Тайланд, 20:30
Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон (мизбон), Ҳонконг, Афғонистон, Камбоҷа
8 июн
Ҳонконг - Афғонистон - 2:1
Ҳиндустон - Камбоҷа - 2:0
11 июн
Камбоҷа - Ҳонконг - 0:3
Афғонистон - Ҳиндустон - 1:2
14 июн
Афғонистон - Камбоҷа, 16:30
Ҳиндустон - Ҳонконг, 20:00
Гурӯҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш
8 июн
Туркманистон - Малайзия - 1:3
Баҳрайн - Бангладеш - 2:0
11 июн
Бангладеш - Туркманистон - 1:2
Малайзия - Баҳрайн - 1:2
14 июн
Баҳрайн - Туркманистон, 14:15
Малайзия - Бангладеш, 16:00
Гурӯҳи «F»: Қирғизистон (мизбон), Тоҷикистон, Мянмар, Сингапур
8 июн
Тоҷикистон - Мянмар - 4:0
Қирғизистон - Сингапур - 2:1
11 июн
Сингапур - Тоҷикистон - 0:1
Мянмар - Қирғизистон - 0:2
14 июн
Мянмар - Сингапур, 15:30
Қирғизистон - Тоҷикистон, 20:00
Ин айёми давлатдории кутоҳ дар таърих бо хатҳои Заррин навишта хоҳанд шуд. Аз Академик СайфуллоХон СафарХонов бисёр хоҳиш менамоем, ки ҳамчун Олими пештози даврон китоберо оид ба сулолаи Пешво, Ҷаноби Олӣ Асосгузори давлат таълиф намоянд. Мо агар ба давраи таърихи давлатҳои гузаштагонамон назар афканем таърихнависону сиёсатшиносон дар дарбори Ғазнавиён,Қарахониён, Темуриён, Бобуриён,Шайбониён ва Манғитиён обруи хосе доштанд. Ҳамин буд, ки то ин давра китобҳои бузурги таърихии "Таърихи Табарӣ", "Бобурнома", "Таърихи Нархашӣ", Бадоеъ ул вақоеъ, "Наводир Ул Вақоеъ" ва даҳҳо дигар тазкираҳои таърихӣ ба мо расидаанд. Ман тарафдори гуфтаҳои академик СайфуллоХон СафарХонов ҳастам. Бояд помериҳо бо тоҷикон? мисли бародар бошанд. Бубинед дар водии Вахш тамоми миллатҳои гуногун , мисли кулобӣ, хуҷандӣ, ҳисорӣ, айнигӣ, тоҷикон?, узбекон бародарвор зиндагӣ менамоянд. Ман тарафдори як пешниҳоди хуби академик СафарХонов СайфулоХон ҳастам, ки ба Помир ҳам бояд дигар миллатҳои дар боло гуфтаро кучонида , сатҳи исломгароӣ, миллатгароӣ ва терористии помериҳоро паст барем.
Алъон аксари олимони чавон рисолахояшонро бо пул харидаанд. Чунин нобигахо ба мисли Худои Шарифзода дар Точикистон кадр надоранд. Умаман устодон ва муаллимони мактабу донишкадахои Точикистон камтарин маош мегиранд ва ин ба рушди фасод ва бесаводии оми шогирдон овардааст, ки дар кадами дигар хастии миллатро зери хатар мемонад!
Мардуми махалли - мехохам ба гуфтагиет хохам бовар кунам. Лекин на ориентаборонат на сугдиенат 30 соли охир пешрави на кардан. Факат лаганбардори, пахтамони, косалеси, кавмбози, миллатчии. Ту як миллатчии бадбахти, худат наметони метонистагиро дида наметони.
Устод Худоӣ Шарифзода узви вобастаи Академии улум буданд!
Аз рӯи Шоҳномаҳо пайдоиши дунёро муайян кардан мумкин. Лекин вақте, ки гап сари адабиёт ва фарҳанг меравад агар касе моро мешиносаду меписандад ин ҳам ба хотири вазирҳоямон не, ба хотири адабётамон мебошад. Фикр мекунам дар лонаи тоҷик море ҷой гирифтаасту чуҷаҳояшро нест мекунад...