Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Миллионҳо беҷошуда дар Афғонистон ба кӯмаки фаврӣ ниёз доранд


Муовини Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар сафараш ба Афғонистон мегӯяд, ин кишвар ба кӯмакҳои инсондӯстонаи бештар ва густурда ниёз дорад.

Келли Клементс рӯзи 12-уми июн дар Фурудгоҳи шаҳри Кобул ба хабарнигорон гуфт, "инҷо, ба ин кишвар омадаам, то бубинам чӣ гуна метавонем беҳтарин ҳимоят аз мардуми Афғонистон дошта бошем".

Хонум Клементк афзуд, ки миллионҳо тан аз афғонҳо беҷо шудаанд ва ба кӯмакҳои фаврӣ ниёз доранд. Ба гуфтаи ӯ, афғонҳо, ба вижа занон ва кӯдакон ба ҳимоят аз ҳуқуқҳояшон ниёз доранд ва бояд дар зиндагии иҷтимоӣ иштироки фаъол дошта бошанд.

Изҳороти муовини Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар ҳоле сурат мегирад, ки бар асоси гузориши моҳи марти СММ, соли 2021 беш аз 700 ҳазор тан дар Афғонистон хонаҳояшонро тарк кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, дар солҳои гузашта ҳам дар натиҷаи ҷанг, хушксолӣ ва ҳодисаҳои табиӣ беш аз 5,5 миллион тан дар Афғонистон беҷо шуда буданд.

Ба гузориши Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, дар Эрон ва Покистон беш аз 2,2 миллион шаҳрванди Афғонистон ба таври қонунӣ зиндагӣ мекунанд. Шумораи паноҳҷӯёи ғайриқонунӣ дар ин ду кишвар ҳам беш аз се миллион тахмин зада мешавад.

Масъулини Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, дар Тоҷикистон наздик ба 14 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ зиндагӣ мекунанд. Тибқи омори ғайрирасмӣ, аз ин теъдод беш аз 3 ҳазор нафар навраси синни мактабӣ ҳастанд

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки бо дигарбора ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, шумораи афғонҳое, ки мехоҳанд кишварашонро тарк кунанд, афзоиш ёфтааст.

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон таъмин мезанад, ки пас аз Сурия ва Венесуэла, Афғонистон бештарин шумораи паноҳандагон ва беҷошудаҳоро дар ҷаҳон дорад.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG