Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато тазоҳургарон роҳи мошингардро бастанд


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Сокинони як бинои панҷошёна дар ноҳияи Бостандиқи шаҳри Алматои Қазоқистон 11 июн дар эътироз ба сохтмони баландошёнае дар саҳни бинояшон роҳи мошингардро бастанд.

Тазоҳургарон талаб карданд, ки раиси ноҳия Олтой Раҳимбетов ва шаҳрдор Ерболат Досаев ба назди онҳо биоянд.

Фаъоли маданӣ Салтанат Ташимова, ки мушкили сокинони шаҳрро бештар матраҳ мекунад, гуфт, сокинони бинои мазкур чанд сол мешавад, "ҳаққи худро талаб мекунанд".

"Чанд сол пеш дар саҳни бинои онҳо сохтмони маҷмааи зисти "Терра" оғоз шуд. "Терра" сокинони биноро аз таваққуфгоҳ маҳрум сохтааст", - изҳор дошт ӯ.

Худи сокинони бино мегӯянд, борҳо ба мақомот муроҷиат карданд, вале натиҷае надодааст.

Пулиси Алмато хабар дод, ки чаҳор сокини маҳаллиро барои ташкили тазоҳуроти "ғайриқонунӣ" ҷарима бастааст.

XS
SM
MD
LG